Муқовимат бо коррупсия фаъолияти дастаҷамъонаро талаб менамояд

Ҳамасола санаи 9 декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмиллалии мубориза бо коррупсия қайд карда мешавад. Ба ин муносибат дар меҳмонхонаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд конференсияи вилоятӣ таҳти унвони “Таъмини иҷрои самараноки Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои он  барои марҳилаи якум аз ҷониби субъектҳои муқовимат бо коррупсия” баргузор гардид. Дар конференсияи вилоятӣ роҳбарияти раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Суғд, роҳбарону намояндагони донишгоҳу донишкадаҳо, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят иштирок ва баромад намуданд. Дар кори конфронс устоди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Нарзулло Ахмедов баромад намуд. Ӯ иброз дошт, ки коррупсия падидаи номатлуби иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ буда, дар замони мо ба яке аз ҷиноятҳои фаромиллӣ табдил ёфтааст. Ҳарчанд ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста бо он дар муборизаи оштинопазир қарор дорад, аммо бо таъсири омилҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, бунёдӣ, фарҳангӣ, таърихӣ ва ташкилӣ ҳеҷ кишвари ҷаҳон натавонистааст аз ин падида канор бошад. 

Бояд тазаккур дод, ки маърифатнокии зиддикоррупсионӣ дар татбиқи чораҳои зиддикоррупсионӣ тавассути ҷорӣ намудани барномаи таълимӣ, ки ба андӯхтани дониш, малака ва масъулият барои огоҳ намудан, пешгирӣ ва ошкор кардани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ташаккули муносибати оштинопазирона дар ҷомеа нисбат ба чунин ҳуқуқвайронкуниҳо, баланд бардоштани маданияти ҳуқуқӣ нигаронида шудааст, нақши муҳим мебозад, илова намуд устоди донишгоҳ.

Инчунин, дар идома конференсия намояндагони мақомоту идораҳо ва устодони муассисаҳои касбии олии вилоят дар мавзӯҳои дигар баромад намуданд.

Дар қисмати дуюми кори конференсияи вилоятӣ ба як қатор намояндагони мақомоту идораҳо, ки дар самти пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва татбиқи барномаҳои зиддикоррупсионӣ фаъолияти назаррас намудаанд Сипосномаву Ифтихорномаҳои раёсати Агентӣ тақдим карда шуд.

You might also like