Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ метавонем коррупсияро барҳам диҳем!

9 декабри соли 2021 дар бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия аксияи зиддикоррупсионӣ таҳти унвони “Танҳо дар ваҳдату ҳамбастагӣ метавонем коррупсияро барҳам диҳем!” баргузор гардид. Дар даромадгоҳ ба донишҷӯён варақаҳои иттилоотӣ тақдим карда шуд, ки перомуни коррупсия ва паёмадҳои он маълумот дода шудааст.

Дар аксия мудири шуъбаи маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Суғд Темур Туйчизода, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода, корманди раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупрсияи вилояти Суғд Васлибек Назриён ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ ширкат намуданд.

Зимни баромади худ меҳмонон иброз доштанд, ки дар тамоми давраи рушди тамаддуни башарӣ коррупсия ҳамчуни зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ садди роҳи инкишофи иқтисодиёт ва ҷомеа гашта, суботу оромиро халадор ва боварии мардумро ба мақомоти давлатӣ коста мегардонид. Илова шуд, ки дар ҷаҳони имрӯза коррупсия дар баробари терроризму экстремизм, паҳншавии маводи мухаддир, буҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ ва ғайра ба яке аз таҳдидҳои глобалӣ табдил ёфтаст. Тамоми давлатҳои дунё бо ин ё он восита кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки пеши роҳи ин зуҳуротро гиранд.

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъона ва умум буда, дар он мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бо иштироки ҳар як фарди ҷомеа метавонад натиҷаҳои дилхоҳ ба даст оварад ва садди роҳи коррупсия гирифта шавад, зикр дошт корманди раёсати Агентї дар вилояти Суғд, майори адлия Васлибек Назриён зимни суҳбат бо мо.

Дар қисмати дуюми аксияи зиддикоррупсионӣ викторина гузаронида шуд. Ба иштирокчиён саволҳо пешниҳод гардид ва нафароне, ки посухҳои дуруст доданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Дар анҷоми аксияи зиддикоррупсионӣ муовини ректор оид ба таълими донишгоҳ Ҳаким Ғаюров сухан карда, иброз дошт, ки ҳадафи баргузории чорабинӣ баланд бардоштани маърифату дониши ҳуқуқии донишҷӯёну кормандон, амалӣ намудани барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва ба ин васила ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ нисбати коҳиш додани ин падидаи номатлуб мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like