ПЕШВОИ МИЛЛАТ – КАФИЛИ АМНИЯТИ КИШВАР
Корномаҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбари давлат интихоб гардиданашон басо ибратомӯз, ибтикорбахш ва сармашқи фаъолият барои аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон мебошад. Зеро ин марди шариф ва фарзанди наҷотбахши миллат дар лаҳзаҳои ҳассос ва сангинтарин марҳилаи таърихи муосири тоҷикон, даврони ҷанги шаҳрвандӣ, замони ҳаёту мамот роҳбар интихоб шуданд. Воқеан, дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ барои ҳар роҳбаре, ки зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳо масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа ба шумор меравад. Зеро дар чунин шароит даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаи худро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар чунин шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат – Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддаси худ эълон намуд.
Таърих гувоҳ аст, ки Пешвои мардумӣ қадам ба қадам ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо ҳамин дастовардашон қодир аст, ки ба Ӯ ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.
Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки дар он рўзҳои мудҳиш ба тақдири ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсири дуҷониба дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Интихоби роҳи дурусти таърихии рушди давлат ба сўи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи навбатии тақдирсоз барои ҳар миллати дар бунёди давлати хеш камарбаста маҳсуб мешуд. Ў ҳамчун сиёсатмадори моҳир, абармарди барҷаста ва шахсияти фавқулода аз рўзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан, на танҳо мушкилиҳои давравӣ ва масъалаҳои ҳалталаби рўзмарра ва замонавии халқро дарк кард, балки тавонист саривақт нерўи зеҳнӣ ва ҷисмонии халқро ҷиҳати рафъи онҳо муттаҳид созад ва Тоҷикистони азизро аз марзи хунини ҷангу куштор ба сарзамини саодату сулҳу шукуфоӣ ва баҳористони созандагӣ мубаддал созад.
Миллати тоҷикро сарҷамъ, саодати онро густариш ва давлати нави демоктарию дунявӣ, ҳуқуқбунёду ягона ва соҳибихтиёри Тоҷикистонро асос гузорад. Дар ин радиф Сарвари давлат чунин гуфта буданд:
“Ман ба раҳми Парвардигор, ба хиради азаливу иродаи неки халқам боварӣ доштам ва ҳамеша ба нерӯҳои солим ва руҳи сулҳхоҳонаи миллати тоҷик такя менамудам. Ҳарчи аз дастам меояд, дар ин роҳ талош хоҳам кард”.
Ҳақиқати бебаҳс дар он аст, ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат кори худро аз сулҳ оғоз хоҳам карданд. Зеро тарафдори давлати демократию ҳуқуқбунёд буда, аз ҳамагон даъвати ба амал меоваранд, ки ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъро ором намоем. Дар чунин вазъияти хатарнок ва тақдирсоз барои ҳастию бақои миллату давлат Эмомалӣ Раҳмон парчамбардори сулҳ, ваҳдат, ҳуввияти миллӣ ва пешвои сиёсии Тоҷикистони азиз гардид. Ҷавҳари ҷавонмардӣ ва хиради азалӣ дар симои зоҳирӣ ва андешаву афкори Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ибтидо чун офтоби тобон нурафшон буд. Танҳо ҳамин дастоварди сулҳсозӣ, саодатгустарӣ ва давлатофарии Пешвои муаззами миллатамон басандааст аст, ки ба Ў ҳамчун як қаҳрамон ва наҷотбахши халқу Ватан ҳамеша арзи эҳтиром намоем.
Имрӯз сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлат, чуноне ки эҳсос мешавад, ба таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмин намудан бо маводи ғизоӣ, беҳбуд бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ равона карда шудааст. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми точик имкон додааст, ки маҷрои рушди иқтисодиёти миллӣ ба куллӣ тағйир ёбад, сохтори давлатдориамон, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, мустаҳкамтар гардад, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ба кор андохта шаванд ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар заминаи мусоид фароҳам орад.
Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун як раҳнамои миллат бо арҷгузорӣ ба фарҳанги миллату халқи худ дар роҳи эъмори як кишваре, ки метавонад, бақои устувор дошта бошад, қадамҳои устувори худро гузоштааст. Мардуми соҳибтамаддуни Тоҷикистон ба хубӣ огаҳанд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи таъмини рўзгори босаодати ҳар як фарди кишвар назари хос намуда, барои расидан ба он ҳадафҳои стратегии мамлакатро муайян намудаанд, ки барои рушди муназзами тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа заминаи боэътимод хоҳад буд.
Салимова М.М. – дотсент, мудири кафедраи андоз ва андозбандии ДДҲБСТ