НАҚШИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ДАР ТАЪМИНИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

 

Сулҳу амонӣ асоси зиндагӣ, хушбахтиву шодкомиҳо буда, ба  туфайли он одамон бо хотири ҷамъ баҳри ояндаи дурахшон, баҳри ободии диёру хонадони худ меҳнат мекунанд. Сулҳ шоистатарин неъмати рӯйи замин аст.

Баъди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27-уми июни соли 1997) мардуми шарифи тоҷик бо нафаси озод ҳамдигарро бародарвор ба оғўши гарм гирифтанд. Зеро тайи солиёни зиёд эшон он қадар ҳисорот, нофаҳмиҳо ва мушкилоти зиёдеро аз сар гузарониданд, ки ҳаддашон беандоза буда, тасвири онҳо танҳо ба гуфтан осон аст.

Расидан ба сулҳ кори басо душвор ва ниҳоят мураккаб буд. Баъд аз анҷоми Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олӣ, Раиси навинти-хобшудаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувва ва иродаю имконияти хешро барои таъмини сулҳ, баргардондани муҳоҷирин ба Ватан ва шурӯи музокирот бо мухолифини собиқ равона намуд. Иқдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҷиҳати методологӣ дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накард ва савганд хурд, ки вазифааш аз он иборат аст, ки охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан баргардонад, миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якҷоягӣ дар заминаи Ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро созанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаросати азими мардумпарваронаашон, ватанпарастӣ ва миллатдӯстиашон боиси он гардид, ки ҷони хешро ба гарав монда барои таъмини ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатар намуда сулҳу ваҳдатро дар кишвар барқарор намуданд.

Яке аз солҳои бениҳоят душвор ва сарнавиштсози гуфтушунидҳо соли 1995 буд, ки дар ин сол аввалин бор музокироти сатҳи олӣ дар шаҳри Кобул баргузор гардид. Пеш аз сафар ба Афғонистон дар моҳи апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати ихтисосиашон бо хабаргузории «Интерфакс» дар бораи ҳадафҳои вохуриашон бо роҳбарони мухолифин чунин иброз доштанд: – «Ҳангоми вохӯрӣ бо роҳбари оппозисиюн ман пеш аз ҳама мавзӯҳоеро баррасӣ хоҳам намуд, ки ба ҳалли мусолиматомези қазияи Тоҷикистон иртибот дошта, масъалаҳои оташбас ҳам дар сарҳад ва ҳам дар дохили кишвар, баргашти тамоми муҳоҷирине, ки ҳануз дар хоки Афғонистон ҳастанд, ва ҳамчунин дигар масъалаҳоро дар бар хоҳад гирифт. Мақсади ман расидан ба мусолиҳа бо оппозисиюн мебошад, ки ин мусолиҳа бояд бе чуну чаро аз ду тараф иҷро шавад.»

Дар вазъияти мураккаб ва ноамнии комил дар шаҳри Кобул, ки дар бист километр берун аз он ҷанги шадиди байни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои мухолиф идома дошт ва мушакҳо ба тарафи шаҳр ва, бахусус ба фурудгоҳи Кобул паронда мешуданд, ҳавопаймои Сарвари давлат дар фурудгоҳи шаҳри Кобул ба замин нишаст ва баъдан музокирот байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари мухолифини собиқ шурӯъ гардид. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар чунин шароити сахт ва хатарнок барои таъмин ва истиқрори ҳар чӣ зудтари сулҳу салоҳ дар Ватан ва оромии миллат дар душвортарин шароит ду рӯз музокироти хеле муҳим ва сарнавиштсозро муваффақона анҷом дод. Натиҷаи музокироти сатҳи олӣ дар Кобул барои ташвиқ ва тарғиби намудани барқарории фазои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар Тоҷикистон аҳмияти фавқуллода дошт.

 

Мухамедова Ш.Ф. – мудири кафедраи системаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномарезӣ

You might also like