Пирӯзиҳои навбатӣ дар мусобиқаҳои варзишӣ
Донишҷӯи соли сеюми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Сомон Сафараминзода дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди ҷудо, ки байни муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳо доир гардида буд бо шикаст додани се ҳарифаш соҳиби ғолибият шуд. Барои пирӯзӣ ба донишҷӯи ДДҲБСТ медалу диплом тақдим гардид.
Сомон Сафараминзода инчунин дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида дар ин мусобиқа низ ба гирифтани мақоми ифтихорӣ шарафёб шуд. Дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ӯ ба гирифтани ҷойи сеюм бо димлому медал қадршиносӣ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки донишҷӯи донишгоҳ тӯли шаш сол мешавад таҳти роҳбарии мурабии соҳибном Усто Устопиров машқу тамрин намуда, дар мусобиқаҳои шаҳриву вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ пайваста ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ комёб мегардад. Сомон Сафараминзода мегӯяд пас аз дарсҳо дар вақтҳои холигӣ ҳамеша ба варзиш машғул мешавад. Ба ҳамсолонаш низ тавсия медиҳад, ки ба таври ҳамешагӣ ба варзиш машғул гарданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



