Низоми идоракунии электронӣ талаботи замон
02 декабри соли 2021 дар китобхонаи илмии донишгоҳ бо ташаббуси кафедраи сиёсатшиносӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлоли давлатӣ ва 10-умин солгарди қабули Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Точикистон конференсияи илмӣ таҳти унвони «Низоми идоракунии электронӣ ҳамчун талаботи замон» баргузор шуд. Дар кори конференсия сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ дотсент Заррина Самадова, директори китобхонаи илмии донишгоҳ Дилрабо Салимова, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Шуҳрат Саидзода ва омӯзгорону донишҷӯён ширкат намуданд.
Конференсияро дотсент Шуҳрат Саидзода ифтитоҳ намуда, дар асоси барнома дар мавзӯи «Рушди ҳукумати электронӣ воситаи таҳкими муносибати байни мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандон» маърӯза намуд. Ҳангоми баромади хеш зикр мавсуф зикр дошт, ки иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар раванди идоракунии давлат яке аз аломатҳои муҳими демократия ба ҳисоб рафта, рушди воситаи технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ба ин раванд боз ҳам мусоидати бештар менамояд. Дар ин росто тавсеаи «Ҳукумати электронӣ» ба иштироки васеи мардум дар идоракунии давлатӣ мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки шаҳрвандон бо давлат дар раванди идоракунӣ ҳамкории мутақобила дошта бошанд.
Баъдан ассистенти кафедраи сиёсатшиносӣ Наргиса Ҳошимова дар мавзӯи «Нақши низоми идоракунии электронӣ дар рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» баромади пурмӯҳтаво намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар асоси маълумоти СММ вобаста ба дараҷаи ҷалби шаҳрвандон ба иштироки электронӣ се сатҳ вуҷуд дорад: маълумотӣ, машваратӣ ва иштироки фаъолона. Ҳар яке ин сатҳҳо ба се мақсади асосӣ мувофиқ мебошад: афзоиши дастрасии иттилоотӣ ва боз будани он, ҷалби васеи шаҳрвандон ба баҳси масъалаҳои мухталифи сиёсӣ ва иҷтимоӣ, тавсеаи ҳуқуқ ва имконияти шаҳрвандон дар муайян намудани сиёсат.
Ҳамчунин мутахассиси шӯъбаи махзан ва хизматрасонии китобхонаи илмии донишгоҳ Парвина Мӯминҷонова дар мавзӯи «Аҳамияти фаъолияти китобхонаи электронӣ дар раванди илму таълим дар ДДҲБСТ» баромад намуда, оид фаъолияти китобхонаи электронӣ маълумот дода, тарзи истифодабарии онро ба иштирокдорон нишон дод.
Ҳамин тавр, баъди маърӯзаҳо сардори раёсати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва рушди инноватсионӣ дотсент Заррина Самадова суханронӣ намуда, донишҷӯёнро даъват кард, ки аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, дар озмунҳо фаъолона ширкат намоянд. Чорабинӣ баъди саволу ҷавоб ҳусни анҷом пазируфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита боо ҷомеа



