Шиносоии меҳмонон аз фаъолити Парки технологии донишгоҳ
30 ноябр соли 2021 дар доираи сафари кории муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуғаффор ва намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон Мавзуна Нурхонова ба Парки технологии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ташриф оварданд. Меҳмононро муовини ректор оид ба илм ва инноватсия Тӯрақул Ризоқулов ва мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Надежда Блиничкина истиқбол намуданд.
Зимни вохӯрӣ, роҳбари Парки технологии донишгоҳ Абдураҳмон Маҳмудов меҳмононро бо фаъолияти технопарки донишгоҳ шинос намуд. Зимни суҳбат ҷанбаҳои мусбат ва мушкили татбиқи лоиҳаи таҷрибавӣ дар якҷоягӣ бо ЮНИСЕФ, ки духтаронро ба омӯзиш фаро мегирад, баррасӣ намуданд. Қайд шуд, ки духтарони синни аз 17 то 24 сола ба курси технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ ҷалб мешаванд ва малакаҳои рақамиро меомӯзанд. Баъди хатми курси кӯтоҳмуддат онҳо ба шуғли фосилавӣ фаро гирифта мешаванд.
Муовини аввали вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Раҳмонзода Абдуғаффор аз кори анҷомдодаи дастаи технопарк изҳори қаноатмандӣ намуда, барои рушд ва фаъолияти муштарак дар оянда пешниҳодҳои судманд кард.
Ҳадаф аз дидору мулоқот бо кормандони Парки технологӣ ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба омӯзиш ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани онҳо мебошад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа









