Ташкили дарсҳои намунавӣ- омилӣ баланд бардоштани сифати таҳсилот

Бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи аёниятҳои муосири таълимӣ дар ҷараёни дарс, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон баргузории дарсҳои таълимиву тарбиявивии кушод ва намунавӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Дар кафедраи хадамоти гумруки донишгоҳ аз фанни асосҳои технологии назорати гумрукӣ дарси намунавии таълимӣ дар мавзӯи “Тартиби истифодаи дастгоҳи интраскорӣ ҳангоми назорати гумрукӣ” доир гардид.

Омӯзгори кафедраи мазкур Фирдавс Маъруфов нахуст дарсро ифтотоҳ намуда, иброз дошт, ки  дар замони муосир гузариш ба технология инноватсионӣ хеле муҳим мебошад. Имрузҳо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани раванди технологиякунонии назорати гумрукӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода истодааст. Барои амалишавии ин ҳадафҳо мақомоти гумрук барои муҷаҳаз гардонидани дидбонгоҳҳо бо дастгоҳҳои технологии назорати гумрукиро ба роҳ мондааст. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба беҳтар сохтани монеаҳои мавҷуда дар самти баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гумрукӣ ва соддагардонии расмиёти савдо ХГНҲҶТ тадбирҳо андешида корҳои муайянро ба сомон расонида истодааст, илова намуд омӯзгор.

Дар ҷараёни дарси намунавӣ донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, перомуни мавзӯи дарс саволу ҷавоб ва мулоҳизаронӣ карданд. Иброз гардид, ки доир шудани чунин дарсҳо имконият медиҳад, ки  раванди таъливу тарбия беҳтар шуда, масъулиятнокии омӯзгорону донишҷӯён баланд гардад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like