Мулоқоти намояндагони ВКД бо устодону донишҷӯёни ДДҲБСТ

01 декабри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти судманд  баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз омилҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баргузор шуд. Дар мулоқот сардори Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Бухоризода Мансур Ғоиб, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Баҳром Файззода, муовини сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд подполковники милитсия Ҳоҷизода Валиҷон Абубакр, сардори шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Зокирзода Парвиз Акрам ва роҳбари гурӯҳи ҷавонони Авангард дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фирӯз Қодиров иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро ба иштирокчиён муаррифӣ намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озоди кормандони  мақомоти корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён баҳри таҳкими сулҳу субот муҳим буда, дар пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меоварад.

Дар идома кормандони Вазорати корҳои дохилӣ баромад намуда, перомуни ҷинояткорӣ байни наврасону ҷавонон, омилҳои асосии гаравиши онҳо ба падидаҳҳои номатлуб маълумот доданд.

Иброз гардид, ки боиси таассуф аст, ки имрӯз новобаста аз дастовард ва саъю кӯшишу талошҳои доимии мардуми  кишвари маҳбубамон баҳри зиндагии ободу осоишта, заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ҳанӯз хам далелҳои изтиробангези қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ ҷой доранд, ки обрӯю эътибори мардуми ба ору номуси тоҷикро коста мегардонад.

Дар ҷараёни вохӯрии мазкур ҳамчунин чанде аз донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ суханронӣ намуда, як қатор пешниҳоду саволҳо дода, ба он ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар қисмати дигари мулоқот барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, инчунин иштирок дар чорабиниҳои сиёсию варзишӣ, фарҳангӣ,  пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ва саҳми арзанда  гузоштан дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ тарбия намудани ҷавонон ва тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ба кормандон, устодону донишҷӯён ва ҷавонони фаъол,  инчунин ба кормандони  мақомоти корҳои дохилӣ Сипосномаҳою Ифтихорномаи Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд. 

Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро гирифта шавад.

 

You might also like