Нақши беназирӣ Пешвои миллат дар ҷустуҷӯи роҳи ҳалли қазияи Афғонистон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешгирии хатару таҳдидҳои замони муосир таъкид намудаанд, ки вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрўза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем.
Дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори аввал нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ баргузор гардид, ки дар кори он кишварҳои аъзои ин созмон иштирок намуданд ва яке аз масъалаҳои мубрам дар ин ҳамоиш вазъи кунунии буд.
Бояд қайд намуд, ки вазъи имрўзаи кишвари ҳамсоя ба эътидол наомадааст ва дар вилоятҳои ҷудогонаи ин кишвар ҷангҳои шиддатнок рафта истодааст. Ба мо маълум аст, ки дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон тўли зиёда аз чил сол оташи ҷанг хомўш нагардидааст. Аммо гуфтушунидҳои чандинсолаи Ҳукумати Афғонистон бо сарони Толибон ягон натиҷаи мусбӣ надодааст. Бояд қайд намуд, ки дар яке аз баромадҳояш собиқ Раиси Ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ қайд карда буд, ки масъалаи Афғонистон дар мўҳлати шаш моҳи оянда бояд ҳаллу фасл гардад.
Вале аз чӣ бошад, ки тахминан баъди ду моҳи ин гуфтаҳо толибон ба пойтахти Афғонистон шаҳри Кобул бе ягон ҷангу хунрезӣ ворид гаштанд ва як рўз пештар аз ин Раисҷумҳури Афғонистон ба хориҷи кишвар фирор намуд. Ин ҳолат шахсро ба андеша мебарад, зеро дар бадали зиёда аз чил сол толибон бо ҷангу хунрезиҳо ба ин мувафақ нагашта буд, вале имрўз озодона ба пойтати Афғонистон шаҳри Кобул ворид гардид.
Нисбати мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои имрўзаи кишвари Афғонистон бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тақдири мардуми азияткашидаи ин кишвар бетараф намебошад. Чӣ хеле, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чандин маротиба таъкид намуда буданд, ки дар Афғонистон ҳукумате таъсис гардад, ки манфиатҳои тамоми қишрҳои ҷомеаи Афғонистонро фаро гирифта бошад, яъне бояд ҳукумати фарогир бошад.
Дар нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ роҳбари кишвари Покистон баромад намуда, мавқеи кишварашро нисбати қазияи Афғонистон муайян сохт.
Як нуктаро бояд қайд намоям, ки имрўз тақдири Ҷумҳурии Афғонистон ва мардуми азияткашидаи он ба дасти гурўҳе афтодааст, ки таърихи пайдоиши ин гурўҳ ба ҳамагон маълум мебошад.
Казияи Ҷумҳурии Афғонистондар сурате ҳалли худро хоҳад ёфт, ки агар дар ин кишвар фикру андешаҳои тамоми мардуми он ба инобат гирифта шавад ва Ҳукумати нави фарогир таъсис дода шавад.
Президенти Тоҷикистон ҳам борҳо ва борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ ба зарурати ҳалли масъалаи Афғонистон даъват намудааст. Мавқеи роҳбарияти Тоҷикистон ба он асос меёфт ва имрӯз ҳам ба он устувор аст, ки “низои Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад, он бояд бо роҳҳои сиёсӣ ва музокира, тавассути таъсиси ҳукумати фарогири эътилофӣ ҳаллу фасл шавад”. Сулҳу субот дар Афғонистон бешубҳа ба таҳкими муносибат ва ҳамкориҳо ба нафъи ду кишвар ва халқҳои бародар мусоидат хохад кард. Ин ақидаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд ва барои ёфтани роҳи ҳалли низои Афғонистон талошҳои хастанопазир анҷом дода истоданд.
Заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон имрӯз ба хосу ом маълум аст. Дар баробари ин, Президенти Тоҷикистон баҳри эҳё ва истиқрори сулҳ дар Афғонистон, ки бо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон робитаи ногусастанӣ дорад, саъю кушиши зиёд ба харҷ додааст.
Нақш ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар барқарории сулҳ дар минтақа, ба хусус дар Афғонистон замоне бармало мешавад, ки ба қазия аз зовияи пажӯҳишӣ нигариста, решаҳои буҳрони минтақа, омилҳои дохилӣ ва берунии он ва пайомадҳояш барои Тоҷикистон тадқиқ шаванд.
Имрӯз, мутаассифона, бори дигар Афғонистон ва минтақа дар маърази хатари терроризм ва ифротгароӣ қарор дорад ва Пешвои миллати мо мисли пештара барои муттаҳид шудани давлатҳо ва миллатҳо ҷиҳати пешгирии ин хатари глобалӣ даъват намуда, ҳамзамон бо дарки таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон ба аҳамияти музокироти сулҳ миёни тарафҳои даргир таъкид менамояд. Бешубҳа, низоъи Афғонистон аз вежагиҳои хос бархурдор аст, аммо бо вуҷуди ин фақат бояд кӯшиши ҳамаҷониба ба харҷ дода шавад, то раванди оштии миллӣ дар Афғонистон татбиқ гардад.
Ахиран, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар мубоҳисаҳои умумии Иҷлосияи 75-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи 28 сентябри соли 2020 бори дигар роҷеъ ба қазияи Афғонистон изҳори назар намуда, аз раванди музокироти сулҳи оғозшудаи байни афғонҳо пуштибонӣ намуданд: “Чӣ тавре мо борҳо таъкид намудаем, қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва Тоҷикистон аз равандҳои музокироти сулҳофарӣ ва ҳар иқдоме, ки ба ҳалли буҳрони сиёсӣ дар Афғонистон нигаронида шудааст, комилан ҷонибдорӣ менамояд.
Тақдири Афғонистон ва ояндаи онро бояд қабл аз ҳама худи мардуми он ба даст гирад ва мо мутмаинем, ки ба истиқрори вазъ дар Афғонистон метавон танҳо аз тариқи раванди сулҳофарие расид, ки аз ҷониби худи афғонҳо идора, назорат ва пеш бурда мешавад”.
Фаъолияти пайгиронаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли осоиштаи низои Афғонистон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти ин кишвар аз тарафи роҳбарияти давлат ва мардуми ҳамсояи Афғонистон қадрдонӣ гардида аст. Барои саҳми бузург дар таҳкими сулҳ ва субот дар Афғонистон ва дӯстии байни халқҳои ду кишвар 28 апрели соли 2005 Эмомалӣ Раҳмон ба мукофоти олии давлатии Афғонистон – Ордени «Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд» сарфароз гардонида шуданд.
Саломов Д.Ф. – мудири бахши кор бо ҷавонони ДДҲБСТ