ДДҲБСТ: Идомаи чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқии  Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ конференсияи илмию назариявӣ  доир шуд.

Конференсияро муовини декан оид ба корҳои таълим Юсуф Нурмаҳмадов ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки миллати сарбаланди тоҷик беш аз ҷаҳор ҳазор қабл соҳиби парчам буд ва онро ҳамчун рамзи садоқату рафоқат, шаъну шараф ва таҷассумгари ифтихору ору номус эҳтиром менамуд ва дар тӯли таърих зери парчами хеш саф кашида, тамомияти арзӣ, ҳувияти миллӣ, ваҳдату ягонагӣ, нангу номус ва забону фарҳанги худро ҳимоят кардааст ва хоҳад кард.

Дар идомаи кори конференсия устодони факултет, Ботур Алимов дар мавзӯи “Самараҳои неки сиёсати созандаи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон”, Фурқат Ҳомидзода зери уновни “Аз таърихи Парчами тоҷикон” ва Алиҷон Одинаев дар мавзӯи “Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳокимияти қонунӣ дар ҷумҳурӣ” маърӯза намуданд. Дар идома, донишҷӯёни фаъоли факултет дар васфи муқаддастоти кишвар шеъру гуфторҳо баён намуданд.

Инчунин дар хобгоҳи донишгоҳ ба ифтихори Рӯзи Президент чорабинӣ баргузор шуд. Чорабинӣ бо қироати  Суруди миллӣ оғоз ёфт. Сипас тибқи барнома  иштирокчии фаъоли маҳфили “Беҳтарин китобхон” Ғафуров Муллобарака донишҷӯи курси 4–уми факултети ҳуқуқшиносӣ ҳамчун баранда чорабиниро оғоз намуда меҳмононро муаррифӣ кард. Дар чорабинӣ мудири кафедраи сиёсатшиносӣ, дотсент Саидзода Ш.Ш., мутахассиси Раёсати  илмӣ–тадқиқотӣ Низомиддинова Р., директори китобхонаи илмӣ Салимова Д.У., сармураббияи хобгоҳи ДДҲБСТ Рӯзиева С. иштирок ва баромад намуданд.        Иброз гардид, ки  Парчам яке аз рамзҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли мо ба шумор рафта, аз замонҳои қадим нишонаи ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдату ягонагӣ ва шукӯҳу ифтихор дониста мешавад. Дар хотимаи чорабинӣ ба 14 нафар донишҷӯёни хобгоҳ барои иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳо ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳо эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ ва муқаддасоти Тоҷикистон ва дар рӯҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён арзёбӣ карда мешавад.

   Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like