Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Руховар Майнусов дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди бокс ширкат варзида, ба гирифтани ҷойи аввал шарафёб гардид. Мусобиқаи мазкур аз санаи 14 то 17 ноябри соли 2021 дар пойтахти мамлакат доир гардида, бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президент роҳандозӣ шудааст. Дар мусобиқа аз тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат беш аз 200 нафар варзишгарон дар вазнҳои гуногун байни ҳам рақобат намуданд.
Донишҷӯи ДДҲБСТ Руховар Майнусов дар вазни то 52 кг ба се ҳарифаш ғолиб омада, дар ин вазн соҳиби мақоми аввал гардид. Ба ғолибон медалу диплом тақдим карда шуд.
Инчунин, донишҷӯи донишгоҳи мо Руховар Майнусов дар мусобиқаи вилоятӣ, ки ба муносибати Рӯзи Парчами миллӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои касбии олии вилоят доир гардид, соҳиби ҷойи аввал шуд. Дар мусобиқаи вилоятӣ аз рӯи намуди бокс донишҷӯён аз донишгоҳу донишкадаҳои вилоят ширкат варзиданд. Барои ғолибият дар мусобиқаи мазкур донишҷӯи ДДҲБСТ бо диплом ва медали мусобиқа қадршиносӣ гардид.
Руховар Майнусов бо пирӯз гардидан дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ роҳхати мусобиқаи байнамилалӣ аз рӯи намуди бокс, ки санаи 16 декабри соли 2021 дар шаҳри Карагандаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, ба даст овард.
Барои пирӯзӣ ва парафшонии Парчами миллӣ дар ин мусобиқаи байналмилалӣ ҷомеаи донишгоҳ ба Руховар Майнусов барору муваффақият орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа


