Саҳми Тоҷикистон ва Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот дар кишвар ва минтақа
Бо ҳидоят ва роҳнамоиҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар бо эҳтиром гузоштан ба арзишҳои аслии умумибашарӣ, озодӣ, ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд ва бо мақсади демократисозии ҷомеа ва бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ марҳилаи нави давлатдориро асос гузошт.
Истиқлолияти давлатӣ арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик буда,дар давоми сӣ соли таърих барои бунёди давлатидории навин, рушди соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва эҳёи арзишҳои миллӣ заминаи мусоид фароҳам овардааст. Барои ҳар як нафар шаҳрванди кишвар истиқлолият рамзи саодат, шарафу номуси ватандорӣ, нишонаи пойдорӣ ва бақои давлат маҳсуб меёбад.
Агар ба таърихи навтарин назар андозем, дар солҳои 90-уми асри 20 собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ Сотсиалистӣ (ИҶШС) ба бӯҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гардид. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Охири солҳои 80-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари бузург поён рафт. Дар чунин шароити бӯҳронӣ, гарчанде, ки роҳбарияти собиқ ИҶШС кӯшиши боқӣ мондани низоми коммунистиро менамуданд, вале аллакай дар Аврупои шарқӣ таҳти равандҳои демократӣ низоми сотсиалистӣ аз байн рафта буд. Дар натиҷа ҳаракатҳои истиқлолхоҳӣ то пошхӯрии ИҶШС ба дигар давлатҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки узви комилҳуқуқи он буд бетаъсир намонд. Ба равандҳои демократӣ, эълон шудани бозсозӣ ва ошкорбаёнӣ такони бузург бахшид. Сиёсати бозсозӣ, демократикунонӣ ва ошкорбаёнӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон хусусиятҳои ба худ хосро касб намуд.
Мутаъссифона моҳи майи соли 1992 бо таъсири нерӯҳои иртиҷоӣ ба истиқлолияти воқеии Тоҷикистон зарба зада, Тоҷикистон ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Хушбахтона моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид, ки тамоми ғайрат ва талошҳои худро баҳри раҳоӣ аз оташи ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба сулҳу суботи комил, таъмини ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон равона сохт.
Маҳз бо талошҳои пайгирона ва сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати сарбаланди тоҷик 27 июни соли 1997 ба ваҳдати миллӣ соҳиб гашт. Тоҷикистон дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таҷрибаи комил ба даст оварда, аз ҷониби бонуфузтарин созмонҳои ҷаҳонӣ ва давлатҳои хориҷӣ шинохта шуда, иқдомҳои Сарвари давлати мо аз қабили соли Оби тоза, даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт, аз хатарҳои глобалӣ эмин нигоҳ доштани сайёра дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфта шуданд. Моҳи сентябри соли 1999 дар арафаи иди Истиқлолият 1100 – солагии давлати Сомониён ҳамчун арзиши гаронбаҳои мероси таърихӣ дар сатҳи байналмилалӣ ботантана ҷашн гирифта шуд. 30 сентябри соли 1999 Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 18-уми иҷлосияи 54-уми СММ раисӣ намуд. Дар як вақти кӯтоҳи таърихӣ аз ҷанги шаҳрвандӣ осоре ҳам намонда, фазои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангии Тоҷикистон комилан тағйир ёфта, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон озодӣ, Истиқлол ва хушбахтии комил ба даст оварданд. Имрӯз ҳама шукр аз неъматҳои Истиқлолияти давлатӣ менамоянд ва аз он фахр мекунанд, ки чунин Пешвои мушфиқу ғамхор доранд.
Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ маорифпарварона, фарҳангсоз ва миллатсоз буда, таҳти роҳбарии абармарди сиёсати ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон татбиқ мегардад, ки имрӯз бузургтарин сиёсатмадорону шахсиятҳои шинохтаи ҷаҳонӣ тарзи давлатсозии онро эътироф кардаанд. Ваҳдатофариву давлатсозии халқи тоҷикро Президенти Русия Владимир Путин чунин баҳогузорӣ кардааст: «Эмомалӣ Раҳмон яке аз симоҳои барҷаста буда, дар давраи сиёсат байни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи намоёнро ишғол менамояд. Тамоми ҷидду ҷаҳди ӯ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон раванди сулҳ тавре пойдор аст, ки назираш дар ҳеҷ мамлакате, ки ҷанги гражданиро аз сар гузаронида бошад, дида намешавад».
Имрӯз мақсади ягонаи халқи тоҷик бунёди ҷомеаи демократӣ ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ мебошад. Барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкон медиҳад, ки дар ҳудуди он ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як узви ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароити зарурӣ фароҳам оварда шавад. Давлати дунявӣ сохтори сиёсие мебошад, ки дар он дин аз сиёсат ҷудо карда шудааст. Дар давлати дунявӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ на дар асоси меъёрҳои динӣ, балки дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегарданд.
Хизматҳои шоёни муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди тағйироти нави бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла бунёди неругоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, бедору ғанӣ гардонидани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия ва тандурустӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин Президенти кишвар дар иншои асарҳои гуногуни таърихиву фарҳангии миллат ва зиндаву ҷовид гардонидани чеҳраҳои мондагори илмию адабӣ, қаҳрамонони миллат ва сарнавишти мардуми тоҷик ҳусни тафоҳум бахшида, бо пешниҳоду ташаббусҳои байналмилалӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ мақоми хосса дорад, ки ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътиқоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Султонова А.Ҷ.-муаллимаи калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ