Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз!

Дар маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи давлатииҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси тантанавӣ таҳти унвони «Парчамат парафшон бод Тоҷикистони азиз!» доир гардид. Чорабинии тантанавӣ боворид намудани Парчами миллӣ ба маҷлисгоҳ ва садо додани суруди миллӣ оғоз ёфт. Дар чорабинии тантанавӣ намояндагони МИҲД-и вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, номаҳои шодбошии раиси вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба самъи иштирокчиён расониданд.

Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёни маҷлиси тантанавиро ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ табрик намуда иброз дошт, боиси ифтихору сарфарозист, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи болида аз музаффариятҳои сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамояд. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстиро афзун намуда, рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар ба ҳисоб меравад. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои миллат, ваҳдату ягонагӣ, ҳуввияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад“.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳз ойини бостонии парчамдорӣ – аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд. Дар ҳар давру замон зери ин ливои зафар ойини давлатдорӣ ҳифз ва миллати куҳанбунёди тоҷик муттаҳид гардидааст.

Парчами кишварамон аз ҳамон рўзҳои таърихии анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣпадид омада, ифодагари мақсаду маром, иродаи устувори мардум, таҷассумгари пайкори созандаю асолати миллӣ, давлату давлатдорӣ, ватандўстиву қаҳрамониҳои фарзона фарзандони миллатамон мебошад, ки моро ба сўи ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Қабули Парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти ҳассос – нахустин солҳои давлати тозаистиқлол, дар замири мардуми меҳан эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва таҳти парафшонии Парчами давлатӣ сохтори конститутсионӣ барқарор гардид. Маҳз, зери Парчами давлатӣ нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибратнигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат боэътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем. Аз ҳамон лаҳза, ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди милли эътиқод ва эътимод пайдо гардид.

Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаҳои арзишманди фарҳангӣ, роҳи таърихии тайкардаи миллати тоҷик ва аломатҳои ифодакунандаи Истиқлоли давлатиро таҷассум менамояд. Ин рамзи давлатдорӣ бо ранг ва нақшҳои хосрешаҳои суннатии халқи тоҷикро тачассум намуда, моро ба сўи рўзгори босаодат раҳнамун месозад. Рангҳои пурҷилои Парчам рамзи талошу мубориза ва саъю кӯшиши миллати тоҷик баҳри расидан ба озодиву истиқлол, худшиносию худогоҳӣ ва зиндагии шоиста мебошад.

Маҳз, бо шарофати Парчами давлатӣ имрўз номидавлати тоҷикон вирди забони ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ба Парчамаш суҷуд меоваранд. Дар қатори парчами давлатҳои соҳибихтиёри дунё, дар саҳни бинои Созмони Миллали Муттаҳид парафшонӣ намуда, аз ҳастӣ, шаъну шараф ваобрўю эътибори давлати Тоҷикистон, миллати саодатманди тоҷик шаҳодат медиҳад. Имрўз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар боафрохтани Парчами давлатӣ муаррифӣ гардида, мардуми хирадманду заҳматкаши кишварамон дурнамои зиндагии худро бо нури ҳаётбахшу роҳнамоии ин муқаддасоти миллӣ эҳсос менамоянд, илова намуд Шарифзода М.М.

Парчам рамзи озодӣ, шукуфоӣ, ояндаи дурахшон вамояи ифтихори ҳар халқи соҳибдавлат аст. Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоятменамояд.

Шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам ҳар як фарди ҷомеаро ба сўи муттаҳидӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ раҳнамоӣ намуда, садоқату парастиши ҳар шаҳрвандро ба ин марзу бум меафзояд ваозими амалҳои нек мегардонад.

Сипас ба як зумра кормандону устодон ва донишҷӯён-ғолибони озмунҳои “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст“, ғолибони олимпиада ва мусобиқаҳои варзишӣ, гирандагони Стипендияи раёсати донишгоҳ ва ба кормандону устодоне, ки дар фаъолияташон ба комёбӣ шарафёб гардидаанд Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва маблағҳои пулии раёсати донишгоҳ тақдим карда шуд.

Бо шеъру сурудҳои ватандӯстонаи гуруҳи созиву овозии “Ошёни меҳр”-и донишгоҳ чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи Парчами миллӣ хубу хотирмон хотима ёфт.

You might also like