Табрикоти ректор, профессор Шарифзода М.М. бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Устодони муҳтарам, Донишӯёни арҷманд!
Боиси ифтихору сарфарозист, ки имсол мардуми шарафманди тоҷик таҳти сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи болида аз музаффариятҳои сӣ соли соҳибистиқлолии кишвар Рўзи Парчами давлатиро таҷлил менамояд. Таҷлили ин санаи фархунда дар замири ҳар фард эҳсоси ватандӯстиро афзун намуда, рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқию маънавии кишвар ба ҳисоб меравад.
Дар таърихи давлатдории тоҷикон маҳз ойини бостонии парчамдорӣ – аз дирафши ковиёнӣ то парчами имрӯзаи давлатӣ имкон фароҳам овард, ки миллати сарбаланди тоҷик таҳти ин рамзи ватандорӣ дар муқобили ҳама гуна таҳдидҳо истодагарӣ карда, мероси ғании ниёгон, арзишҳои бостонии миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳастии миллати худро ҳифз намояд. Дар ҳар давру замон зери ин ливои зафар ойини давлатдорӣ ҳифз ва миллати куҳанбунёди тоҷик муттаҳид гардидааст.
Парчами кишварамон аз ҳамон рўзҳои таърихии анҷумани саодати миллат – Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ падид омада, ифодагари мақсаду маром, иродаи устувори мардум, таҷассумгари пайкори созандаю асолати миллӣ, давлату давлатдорӣ, ватандўстиву қаҳрамониҳои фарзонафарзандони миллатамон мебошад, ки моро ба сўи ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнамун месозад. Қабули Парчами давлатии Тоҷикистон дар вазъияти ҳассос – нахустин солҳои давлати тозаистиқлол, дар замири мардуми меҳан эҳсоси миллиро такон дод, қувваҳои солими ҷомеаро муттаҳид сохт ва таҳти парафшонии Парчами давлатӣ сохтори конститутсионӣ барқарор гардид. Маҳз, зери Парчами давлатӣ нерӯҳои содиқ ба Ватану миллат сарҷамъ гардиданд ва дар кишвар сулҳу субот, иттиҳоди қавии кулли сокинони мамлакат таъмин карда шуд. Парчами миллӣ имкон дод, ки ба мазмуну моҳияти давлати худ бо диди нав назар андозем, ба таърихи гузаштаамон бо чашми ибрат нигоҳ кунем ва ба сӯи ояндаи дурахшони давлату миллат бо эътимоди қавӣ қадамҳои устувор гузорем. Аз ҳамон лаҳза, ба асолати таърихӣ ва таъсири маънавии Парчами давлатӣ ҳамчун як зуҳуроти бисёр муҳиму арзишманди миллӣ эътиқод ва эътимод пайдо гардид.
Парчами давлатии Тоҷикистон нишонаҳои арзишманди фарҳангӣ, роҳи таърихии тайкардаю решаҳои суннатии халқи тоҷик ва аломатҳои ифодакунандаи Истиқлоли давлатиро бо ранг ва нақшҳои хос тачассум намуда, моро ба сўи рўзгори босаодат раҳнамун месозад. Шинохти муқаддасоти миллӣ чун Парчам ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят менамояд.
Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи Шуморо бо Рўзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, бароятон тасиҳатӣ, рўзгори осуда ва дар фаъолияти минбаъдаатон комёбиҳои беназир таманно дорам.
Бигзор, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҳамчун муқаддасоти бегазанди миллӣ бар сари миллати сарбаланди тоҷик парафшон ва роҳнамои ояндаи дурахшон бошад.