Баррасии масоили муҳим дар маҳфили “Донандагони забони англисӣ”

19-ноябри соли 2021 бо ташаббуси кафедраи забонҳои хориҷии факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ маҳфили навбатии мубоҳисавии “Донандагони забони англисӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил мутахассиси раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Рухсора Низомиддинова,  мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ Ҳамза Эгамназаров, омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ- Шаҳноза Раупова,  Раъно Турсуматова ва ба ҳайси меҳмон-сухангӯ омӯзгори маркази интеллектуалӣ ва таълимии «Доно» Анна Ҳофтн иштирок намуданд.Ба кори маҳфил муаллима Турсуматова Р.А. ҳусни оғоз бахшида, иштирокчиёнро бо мавзӯи мафҳил, ки «Ба нашъамандон ёрӣ ё ҷазо лозим?” унвон дошт, шинос намуд.

Дар идома, доир ба ин мавзӯъ маърӯзаи донишҷӯи курси дуюми ихтисос таъминоти забонии  робитаҳои байнифарҳангӣ Гулноза Расулова шунида шуд. Сипас, Анна Ҳофтн барои мубоҳиса доир ба ин мавзӯъ баромад кард.  Ҳамин тавр, мавзӯи зикргардида миёни донишҷӯён ва Анна Ҳофтн мавриди таҳлилу баррасӣ  қарор гирифт. Донишҷӯён дар рафти маҳфил фаъолона иштирок карда, ибрози ақида намуданд. Маҳфил бо саволу ҷавоб ва бозиҳои шавқовар ҷамъбаст гардида, аз тарафи роҳбари маҳфил мавзӯи оянда ба иштирокчиён пешниҳод карда шуд.

Дар охир мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Эгамназаров Ҳ.Ҳ. ва иштирокчиён ба Анна Ҳофтн барои иштирок ва суханронӣ изҳори миннатдорӣ кард.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like