Табрикоти ректори ДДХБСТ, профессор Шарифзода М.М. ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони муҳтарам!

Шогирдони азиз!

Мардуми шарафманди кишвар дар мисоли рӯзгори пуртаззоди худ шахсияти наҷотбахш ва нодиреро дарёфт,  ки  ба шарофати хидматҳои таърихӣ  роҳи  наҷотро ба даст овард.  16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХУ1 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми сарзамин сиёсатмадори тавонои сатҳи байналмилалӣ, Пешвои асри XXI,  парчамбардори нанги миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳадя намуд, ки аз ҳамин лаҳзаи таърихӣ муҳимтарин иқдомҳои созанда баҳри саодати ояндаи миллат аз лаҳнашон садо дод. Дар ин санаи таърихӣ  низоми давлатдории навин, марҳилаи бунёди кохи мӯҳташами истиқлолу ваҳдат ва эҳёи асолати миллӣ оғоз гардида, шоҳроҳи имрӯзу ояндаи миллат ва дурнамои минбаъдаи давлат ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян гардид.

Хизмати барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи Тоҷикистон он аст, ки ин сиёсатмадори дурандеш дар шароити даҳшатбор давлатдории тоҷикон ва бақои миллатро аз парешониву фаношавӣ ҳифз карда тавонистанд.

Дар таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нуктаеро бо камоли қаноатмандӣ изҳор медорам, ки дар ташаккул ва рушди андешаи миллӣ, ҷумлаи падидаҳои созанда дар Ватани азизамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахшу раҳнамо мебошанд ва поягузори андешаи миллии тоҷикон дар даврони таърихи навини халқамон эътироф гардидаанд.

Таҳти  роҳнамоии  хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишвар барои таҳкими истиқлоли давлатӣ ва  ҳифзи якпорчагии Ватан қадамҳои устувор ниҳода, соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои нав ба нав комёб мегарданд. Бахусус, туфайли ташрифҳои ҳуҷастаи Сарвари давлатамон ба донишгоҳ (солҳои 2008, 2011)  боргоҳи маърифатамон  ба марҳилаи тозаи рушд ворид гардид. Ин таваҷҷӯҳи  шоистаи Сарвари давлат нисбати соҳаи илму маориф ба ҳисоб рафта,  илҳомбахши кору пайкори ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ гардид. Бо саҳмгузорӣ дар тарбияи насли созанда, анҷом додани тадқиқотҳои пурарзиши илмӣ, азхудкунии техника ва технологияи навтарин имрӯз маъвои саодати маънавиямон ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардид, ки аз сиёсати маорифпарварони Сарвари давлатамон  сарчашма мегирад.

Боиси ифтихор аст, ки имрӯз халқи саодатманди тоҷик таҳти ливои нобиѓае қадамҳои устувор мениҳанд, ки номи он кас, кору пайкорашон дар таърих ҳамчун рамзи сулҳу амонӣ, адолату ҳақиқат, ватанпарастӣ ва созандагию бунёдкорӣ навишта хоҳад шуд ва шоистаи арҷгузорист.

Аз фурсати муносиб истифода карда,  Шуморо ба муносибати  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику  муборакбод намуда,  бароятон дар ин рӯзи неку пурсаодат ва ҳама рӯз тани сиҳат, хуррамиву осоиши рӯзгор, бахту саодати безавол, сарбаландӣ ва дар таъмини пешрафту гул-гулшукуфоии Ватанамон комёбиҳо орзу менамоям.

 

You might also like