Забонамонро поку беолоиш нигоҳ медорем
Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ шуруъ аз санаи 10 ноябри соли 2021 курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ дар самти азхудкунии имлои забони тоҷикӣ ва аломатҳои китобатӣ барои кормандон ва устодони донишгоҳ шуруъ гардид. Дар оғози курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ба кормандон ва устодони донишгоҳ доктори илмҳои филологӣ, профессор Туғрал Шокиров ва дотсент Юсуф Кенҷаев перомуни тағӯироту иловаҳои охирини ба имлои забони давлатӣ воридгардида маълумот доданд.
Мақсад аз роҳандозии курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ огоҳӣ аз тағъироту иловаҳои ба имлои забони тоҷикӣ воридгардида, баланд бардоштани дониши забонии кормандону устодон ва ба ин васила гиромидошту эҳтироми забони давлатӣ мебошад.
Курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ минбаъд низ бо ҷалби кормандону устодон идома ёфта, дар анҷом шунавандагон соҳиби шаҳодатнома хоҳанд шуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа



