Тақвияти ҳамкориҳо миёни ДДҲБСТ ва ДМТ

Ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд – муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Султоналӣ Меҳмонов ва декани факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полотск (Ҷумҳурии Белоруссия) номзади илмҳои иқтисод, дотсент Турсунбай Баймуратов бо сафари корӣ ташриф оварданд.

Дар мулоқот  бо меҳмонон  роҳбарият ва шахсони масъули бахшу шуъбаҳои дахлдори донишгоҳ иштирок карданд.

Дар вохурӣ масъалаҳои вобаста ба раванди таълиму тарбия дар факултети муштараки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии шаҳри Тошканд мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, татбиқи амалии шартномаи ҳамкорӣ байни ду муассисаи таълимӣ дар самти иҷрои корҳои илмӣ, татбиқи масъалаи ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ва шӯроҳои дессертатсионии донишгоҳҳо, ворид намудани  намояндагони ду муассисаи таълимӣ ба хайати шӯроҳои дифои  рисолаҳои илмӣ, нашри мақолаҳои илмӣ дар маҷаллаҳои илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишкадаи молиявии Тошканд, ки  санаи 24 июни соли 2021 ба имзо расида буд, мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор гирифтанд.

Барои густариши ҳамкориҳои минбаъда нақшаи чорабиниҳои таълимиву илмӣ ва тарбиявӣ таҳия гардиданд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like