Ғолибият дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ
Донишҷӯи соли сеюми факултети инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Тоштемир Назаров дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди Ушу дар вазни 54 кг иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал шуд. Донишҷӯи донишгоҳ дар ин мусобиқа ба ду ҳарифаш дастболо гардид. Мусобиқаи Ушу бо ибтикори Федератсияи Ушуи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Ба ғолибон медал ва дипломи мусобиқа тақдим карда шуд.
Ҷомеаи донишгоҳ Тоштемир Назаровро бо ғолибияташ шодбош намуда, ҷиҳати пирӯзӣ дар мусобиқаҳои дар пешистода комёбиҳо орзу менамояд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

