Мулоқоти  намояндагони Комиссияи олии аттестатионни  Шўрои диссертатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо олимону муҳаққиқон

4 ноябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷаласаи аъзоёни Комиссияи олии аттестатсионии  Шўрои диссертатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ҷаласа раиси комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятию гуманитарии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Маъруфӣ  Расул Нурмуҳаммад, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Гулаҳмадов Ҳайдар  Шарифович, директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ва  ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шарифзода Муъмин Машокир, ҳамчунин профессорон – аъзоёни Шўрои дифои назди донишгоҳ, устодону олимон ва  муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят ширкат варзиданд.

Ҷаласаро ректори донишгоҳ Муъмин Шарифзода ифтитоҳ бахшида, барои ташриф ва ташкили вохўрии судманд бо олимону муҳаққиқони муассисаҳои таҳсилоти олии вилоят, расонидани кўмаки машваратию методӣ дар самти бурдани таҳқиқоти илмӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати риояи санадҳои нави меъёрии ҳуқуқии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сипоси худро изҳор намуд.

Баъдан Раиси комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, роҷеъ ба муҳимтарин раванди омодасозии кадрҳои илмӣ тавассути ҷалби мутахассисони соҳа, таҳияи мавзўъҳои илмии ба самти фаъолияти Шўро мувофиқ, ташкили кори самараноки мушовирии илмӣ аз ҷониби аъзоёни Шўро ва амсоли инҳо муфассал маълумот дод. Таъкид гардид, ки таъсиси Шўрои мазкур падидаи муҳим дар ҳаёти илмии донишгоҳ, вилоят ва ҷумҳурӣ буда, нақши он дар раванди густариши пажўҳишоти илмӣ, ҳамгироии илму истеҳсолот хеле муҳим мебошад.

Дар охир байни олимон ва Раиси комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Розиқзода музокироти судманд ҷараён гирифт.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like