Табрикоти ректор, профессор Муъмин Шарифзода ба муносибати 27-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони арҷманд, донишҷӯёни азиз!

6 ноябри соли 1994 дар саҳифаҳои таърихи давлатдории тоҷикон Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хатҳои заррин сабт гардидааст. Зеро, дар ин санаи тақдирсоз бори нахуст тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва ин Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузошт.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти  сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он, пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд. Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон  аст ва  барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад.

Ҳар қадар солҳо моро аз давраи қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз дур мебаранд, ҳамон қадар аҳамияту зарурати мавҷудияти он дар таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ва тавсеаи нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ мазмуну моҳияти муҳим касб менамояд.

Конститутсияи давлатамон, ки меъёрҳои он аз принсипи инсондӯстӣ маншаъ мегиранд, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсиву ҳуқуқӣ эътироф гардида, дар он арзишҳои  муҳими  ҳаётӣ,  изҳори  ирода  ва марому мақсади кулли сокинони кишвар ба таври возеҳ инъикос гардидаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳамияти байналмилалӣ буда,  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ бо сарбаландӣ эълон сохт, ки соҳиби давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва соҳибихтиёр ҳастем. Ба шарофати арзишҳои асосии конститутсионӣ миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохтаву эътироф намудаанд. Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Бо дарназардошти аҳамияти бузурги  санади олии ҳуқуқӣ – Конститутсия  дар пешрафти ҳаёти ҷомеа ва давлат дар назди ҳар як фарди солимфикру огоҳи кишвар вазифаҳои басо муҳим ва масъулиятнок қарор доранд, ки яке аз муҳимтарин вазифаҳо  ин  омӯзиш,  тарғибу  ташвиқи мазмун ва моҳияти Конститутсия мебошад. Зеро, танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон – Тоҷикистон баланд бардорем. Конститутсия сарнавишти мост ва онро бояд эҳтиром кард.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон буда,  дар муаррифии кишварамон ба ҳайси давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ,  таъмини  заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ,  таҳкими  истиқлоли давлатӣ, ҳокимияти конститутсионӣ,  таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, муайян намудани  низоми давлатдорӣ,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  гузоштани асосҳои аркони давлатдориамон таҳкурсии устувор гузошт

Ба шарафи таҷлили бо шукӯҳу  ин ҷашни муқаддас  бори дигар  шаҳомати ин санади раҳнамунсоз ва қутбнамо пеши назарҳо ҷилвагар мегардад.  Зеро ин санади муқаддас, ки Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба расмият даровард, орзую ормони мардуми моро амалӣ сохта, роҳи ояндаи миллати сарбаланди тоҷикро ба сўи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар мегардонад.

Бо исифода аз ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуморо самимона табрику муборакбод намуда, бароятон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд орзу менамоям.

 

You might also like