Конститутсия – бахтномаи миллат

Ба муносибати Рӯзи Конститутсия, ки ҳамасола дар кишвар санаи 6 ноябр таҷлил карда мешавад дар маҷлисгоҳи бинои таълимии №2-и Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявии донишгоҳӣ доир гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ доир гардид.

Муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Тӯрақул Ризоқулов ифтитоҳ намуд. Иброз шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди беназирест, ки имрӯз мардуми Тоҷикистон таҳти  сарварии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо татбиқи арзишҳои он,  пояҳои давлатдориамонро боз ҳам устувору қавӣ мегардонанд.  Ин санади сарнавиштсоз дар қуллаи баланди низоми ҳуқуқӣ ва қонунгузории мамлакат истода, таҷассумгари орзуву ормонҳои халқамон  аст ва  барои рушду нумӯи кишварамон, аз ҷумла, раванди демократикунонӣ, ҳуқуқбунёдии ҷомеа ва давлатамон нақши арзишманд дорад.

Дар идома устодону донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносӣ дар мавзӯҳои “Хусусиятҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-омили муҳими рушди қоннунгузории миллӣ”, “Аҳамияти Конститутсияи ҶТ дар ташаккули давлатдории миллӣ”, “Мазмун ва моҳияти Конститутсияи ҶТ” ва “Конститутсия – кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд” маърӯзаҳо намуданд.

Зимни конференсия қайд шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахтномаи давлати соҳибистиқлол ва давлатдории миллии тоҷикон буда,  дар муаррифии кишварамон ба ҳайси давлати мустақили дорои низоми мукаммали сиёсиву ҳуқуқӣ,  таъмини  заминаҳои устувори иҷтимоиву иқтисодӣ,  таҳкими  истиқлоли давлатӣ, ҳокимияти конститутсионӣ,  таъмини сулҳу субот, ваҳдати комил, муайян намудани  низоми давлатдорӣ,  ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд,  гузоштани асосҳои аркони давлатдориамон таҳкурсии устувор гузошт.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 6-уми ноябри соли 1994 дар таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи бузург ба вуқӯъ пайваст. Халқи тоҷик дар таърихи беш аз ҳазорсолаи давлатдориаш бори аввал Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул кард. Иштироки фаъолонаи сокинони кишвар дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ яке аз дастовардҳои бузург ва пирӯзии демократия дар Тоҷикистон мебошад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like