ВАТАНДӮСТИРО БОЯД АЗ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОМӮХТ

Таърих ба кулли инсоният шахсиятҳоеро офаридааст, ки онҳо дар дигаргунии ҳаёти башарият саҳми босазо гузоштаанд. Баробари огоҳӣ пайдо кардан бо таърихи халқҳои гуногуни олам мо шоҳиди он мегардем, ки гарчанде сарнавишти ин ва ё он халқиятҳоро худи онҳо дигаргун карда бошанд ҳам, нақши шахсони алоҳида дар он хеле бузург аст. Чунин шахсон хушбахтона дар ҳар давру замон вуҷуд доштанд, ки ба шарофати онҳо ҳаёти миллионҳо нафар аз ҷанг ба осоиштагӣ ва аз гуруснагӣ ба сериву пуррӣ мубаддал гардидааст.

Халқи тоҷик низ баробари дигар халқҳои дунё ба худ таърихи бою ғанӣ дошта, ҳазорҳо фарзандони боилму дониш ва далеру шуҷоъро ба воя расонидааст. Ба ин ҳазорҳо мисол овардан мумкин аст. Бояд ифтихори ҳар яки мо бошад, ки кулли башарият аз эҷодиёту ихтирооти гузаштагони мо васеъ истифода намуда, ҳоло ҳам истифода намуда истодаанд. Асарҳои эҷодкардаи шоирону нависандагони мо, ихтирооти онҳо дар соҳаи илмҳои риёзиву астрономӣ, тиббиву табиӣ, ахлоқиву тарбиявӣ ва дигар самтҳо ба чандин забонҳои хориҷӣ тарҷума гашта, дар рушди ҳамаҷонибаи башарият нақши муносиб гузоштаанд. Ин ҷост, ки тамаддуни ороёиро гаҳвораи тамаддуни башарият меноманд.

Халқи тоҷик дар таърихи худ бисёр пастиву баландиро дидааст. Тӯли зиёда ҳазор сол зери идораи аҷнабиён будан, ҳамеша аз ҷониби аҷнабиён ғорат гардидан, ҳамеша кӯшиши нигоҳ доштани забон, урфу одат ва фарҳанг намудан, дар сарзамини худ ҳамчун бегона зиндагӣ кардан, ба қисматҳо тақсим гаштан, чандин ҷангҳои ҳимоявӣ аз душманон ва шаҳрвандиро аз сар гузаронидан гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Истиқлолияти имрӯзаи мо ба осонӣ ба даст наомадааст ва дар роҳи расидан ба ин дастоварди беназири миллат ҳазорҳо фарзандони миллат-қаҳрамонон ҷони худро аз даст додаанд.

Яъне ин бузургони миллат барои ояндаи фарзандон, аҳли наздикон ва дар умум барои миллату халқи хеш умр ва ҷони худро фидо намудаанд.

Аслан 30-соли соҳибистиқлолии кишвари азизамон дар назди таърихи башарият баробари як миҷа задан аст. Бинобар ин бояд сарбаландии ҳар яки мо бошад, ки дар ин муддати кӯтоҳ ба чунин дастовардҳои бузург ноил гардидаем. Шояд ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дар ҷумҳирии азизамон намешуд имрӯз мо аллакай ба ҳадафҳои стратегии худ ба пуррагӣ ноил мегардидем ва зиндагии мо аз ин ҳам дида боло мешуд. Ин аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ кишвари моро дар ҳақиқат даҳсолаҳо ба қафо партофт. Гуфтан мумкин аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ ҳамчун сахифаи сиёҳ ба таърихи халқамон дохил шуда, дар рафти он на танҳо сарбозон, балки ҳазорон шахсони оддии бегуноҳ қурбон гардидаанд. Шумораи фавтидагон ба ҳазорҳо нафар расид, ки чунин талафотро халқи тоҷик дар таърихи қарнҳои охири худ намедонист. Ҷанги бемаънии бародаркушӣ ба хоҷагии халқ низ зарари калон расонида, зарари моддии ҷанг бештар аз 10 миллиард доллари амрикоиро ташкил медод.

Ҷумҳурии азизи мо, Тоҷикистон, бо гуноҳи ҳизбҳо ва гуруҳҳои ҷамъиятию сиёсӣ ба вартаи ҷанг гирифтор гардид. Шахсоне, ки ҳокимиятро бо роҳи ғайридемократӣ, зӯрӣ соҳиб шудан мехостанд, дар натиҷаи амалиёти нопоки худ сабабгори кушокушиҳои бераҳмонаи намояндагони халқи хеш, падарону модарон, бародарону хоҳарон, тифлон гардиданд. Акнун сарвари сиёсии кордон ва корозмудае лозим буд, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ роҳбарии ин муборизаро ба зимма гирад. Чунин сарвар, ки вазъи сиёсӣ ва низомиро бояд идора карда, масъулияти таърихиро ба дӯш мегирифт, Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ ба таври демократӣ ва қонунӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шӯрои мазкур интихоб гардиданд ва барои аз буҳрони амиқи сиёсию низоми баровардани Тоҷикистон ва рафъи хатари аз байн рафтани давлати миллии тоҷикон нақши бузурги таърихӣ бозиданд.

Маҳз кордониву итеъдоди Худоди Пешвои муаззами миллат буд, ки дар як муддати кӯтоҳ дар давраи бениҳоят ҳассос дар ҷумҳурӣ баҳри пойдор намудани истиқлолияти давлатӣ ва замина гузоштан ба ҳаёти осоиштаи мардум иқдомҳои мазкур аз қабилӣ барпо намудани артиши миллӣ, барҳам додани дастаҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан, тақсими заминҳои наздиҳавлигӣ ба мардум, қабули конститутсияи кишвар, қабули нишон, парчам ва суруди миллӣ андешида шуданд.

Барои мисол як рӯзноманигор нақл менамояд, ки “дар соли 1994 дар кӯчаи шаҳри Душанбе шоҳиди он шуда будам, ки як кӯдаки тақрибан як ё якуним сола синаи модари худро, ки он замон модари ӯ дар замин хобида буд барои хӯрдани шир меҷуст ва ба ҷойи шири поки модар ӯ хуни модари вафоткардаи худро мехӯрд”. Акнун моро мебояд ба худ савол диҳем, магар аз ин дида манзараи мудҳише дар дунё вуҷуд дорад?.

Ин танҳо як мисоле аст, ки ҳаёти яке аз кӯдакони замони ҷангро таҷассум мекунад. Тасаввур кардан душвор аст, ки дар замони ҷанг садҳо шояд ҳазорҳо кӯдакон ба чунин ҳол гирифтор шуда буданд.

Маҳз дар чунин вазъияти бениҳоят мураккаб, ки ҳама аз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат ноумед гардида буданд, ҳамчун ҳадяи таърих ва пайки наҷот ба миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии давлатро ба зимма гирифтанд ва шуълаи умедро дар дили ҳар як фарди миллати тоҷик фурузон карданд.

Талоши шабонарӯзӣ ва шуҷоати ин марди миллат боис гардид, ки имрӯз Тоҷикистон чун биҳишти рӯи дунё машҳури ҷаҳон асту мардум аз доштани чунин Роҳбари фидокору барқароркунандаи сулҳу субот  мефахранд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи давлатдории Тоҷикистон нафаре мебошанд, ки дар ташаккули таърихи давлатдорӣ, эҳёи падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳанги ниёгонамон хизматҳои бузург кардаанд. Ҳамин гуна кӯшишу талошҳои пайвастаи Пешвои миллат буд, ки имрӯз мо соҳиби давлатему мавриди эътирофу эҳтироми ҷаҳониён қарор дорем.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавононро мебояд ватансозӣ ва ватандӯстиро бояд аз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзем. Шиорҳое, ба монанди “Ҷавонон-Пайравони Пешвои миллат”, “Мо бо Шумоем Пешвои миллат”, “Президенти ман-ифтихори ман” ва ғайраҳо, ки мо ҳамарӯза ба забон меорем ва дар ҳар чорабиниҳо такрор менамоем бояд аз сидқи дил ва самимӣ бошанд. Ҳар яки мо ҷавонон бояд ватани худро на бо забон балки аз таҳти дил дӯст дорем ва чун Пешвои миллат барои ободии он, тинҷии мардуми он, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ҳамарӯза ҷаҳд намоем.

Зеро Пешвои муаззами миллат аз аввали соҳибистиқлолии кишвар то имрӯз ба ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва бо ин муҳаббат, ғамхориву самимияти падарона меҳри қишри созандаи ҷомеаро ба Ватан ва эҳтиромашонро ба арзишҳову муқаддасоти миллӣ афзун мегардонанд.

Сарвари кишварамон дар доираи сиёсати созанда ваҳдати миллиро миёни ҷавонон густариш бахшиданд, меҳнати ҳалол ва интизоми қатъиро бунёд гузоштанд, робитаҳои судбахшро бо кишварҳои мутамаддин дар самти ҳамкориҳои ҷавонон боло бурданд ва шаклҳои нави фаъолияти ҷавононро роҳандозӣ намуданд. Баъди 6 моҳи соҳиб гаштани Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон – Қонун “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, ки 13 марти соли 1992 сурат гирифтааст, далели ин гуфтаҳо мебошад.

Тавре Сарвари давлат, Пешвои муаззами кишвар зикр намуданд, “Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

Барои мо ҷавонони зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар таваҷҷӯҳи падаронаи Пешвои муаззами миллат ва бовариашон, дастоварди ва бузург ба ҳисоб меравад.

Аз ин лиҳоз, моро мебояд шукр аз он кунем, ки дар чунин Ватани ободу осоишта зери роҳбарӣ ва ғамхории Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умр ба сар бурда истодаем. Меҳру муҳаббат, садоқат, шуҷоат, далерӣ ва ватандӯстиву ватансозиро аз Пешвои муаззами миллат омӯзем ва самимона пайравӣ намоем. Зеро мо ҷавонон дар симои Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нафареро мебинем, ки аз ҳама чиз гузашт намуда, ба хотири барқарор гардидани сулҳу ваҳдат, сарҷамъии миллат ва пароканда нашудани давлати тозабунёд ҷони худро дар хатар гузошта, ба майдони сиёсат омаданд ва бо хиради баланди инсондӯстона тавонистанд, ба ҷои бесарусомониҳо ҳаёти шоистаро ба мардум баргардонанд.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд дарк намоем, ки давомдиҳандагони ин корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва умуман давлату давлатдорӣ мо мебошем. Яъне тақдири ояндаи Ватани азизамон дар дасти мо ҷавонон аст.  Барои минбаъд низ дар ҳамаи самтҳо муваффақ гардидани Тоҷикистони азизамон моро мебояд ватандӯстӣ ва ватандориро аз Пешвои миллат омӯзем.

Дар ин ҷода, ҳаргиз нагузорем, то душманони миллате, ки имрӯзҳо аз хориҷи кишвар қарор гирифта, кӯшиши тинҷиву оромии моро барҳам задан доранд ба мақсади нопоки худ расанд. Мо бояд хуб дар хотир дошта бошем, ки таърих ҳеҷ гоҳ қаҳрамонон ва хоинони миллатро аз ёд намебарорад.

Ҳабибуллоев У.-донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии ДДҲБСТ

You might also like