Ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ дар “Чеҳраҳои мондагор”

Арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун ва фарҳанги волои халқи тоҷик ва сабақ гирифтан аз он ҳар нафарро ба худшиносиву худогоҳӣ раҳнамун менамояд. Бо мақсади омӯзиш ва гиромидошти таъриху тамаддун ва пайравӣ ба кору фаъолияти мондагори бузургони халқи тоҷик ҳар ҳафта рӯзи чоршанбе дар китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ оид ба омӯзиши асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” баргузор мегардад. Маҳфили мазкур бо ибтикори китобхонаи илмии донишгоҳ ва кафедраи сиёсатшиносӣ роҳандозӣ гардида, дар он донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ иштирок ва перомуни  ин асари арзишманди Сарвари давлат маърӯзаҳо ироа менамоянд.

Дар маҳфили имрӯза, ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ширкат намуда, иброз дошт, ки асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор” ҳар нафарро ба саҳифаҳои пурифтихори таърихи халқи тоҷик шинос намуда, аз рӯзгори шахсиятҳои номдору сарбаланди илмӣ, адабӣ ва таърихиву сиёсиамон нақл менамояд. Илова гардид, ки аҳамияти беандозаи асари Пешвои миллат “Чеҳраҳои мондагор аз он иборат аст, ки асари мазкур бо забони ноби тоҷикӣ таълиф гардида, барои аҳли илму адаб, дӯстдорони таъриху фарҳанг ва адабиёти гузаштагонамон пажуҳиши арзишманд ба ҳисоб рафта, барои тарбияи чавонон дар рӯҳи худшиносии миллӣ, ифтихор аз ватану ватандорӣ, шинохти бузургон воситаи муҳими тарбия ба шумор меравад.

Сипас, донишҷӯи бахши сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ Шарипова Н. дар мавзӯи “Исмоили Сомонӣ-абармарди хирад ва сиёсат” ва донишҷӯи бахши дуюми факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ Қобилов Р. бо номи “Спитамен- парчамбардори  ҷодаи озодиву истиқлол” баромад карданд.

Иброз гардид, ки зиндагиномаи ин ду фарзанди фарзонаи халқи тоҷик боиси омӯзишу пайравист. Аз мутолиаи китоби мазкур ҳар як шахс доир ба рӯзгору осори шахсиятҳои шинохтаи таърихию фарҳангии халқи тоҷик маълумотҳои пурқиматро дастрас карда метавонад. Сарвари давлат дар китоби «Чеҳраҳои мондагор» ба таърих ва симоҳои барҷастаи халқамон рӯ оварда, ба насли ҷавон зарурати донистани гузаштаи худ, рӯ овардан ба таъриху фарҳанги худро талқин менамоянд. Тавре аз ҷониби худи муаллиф зикр мегардад, мутолиаи ин асар барои дар қалби ҷавонон бедор намудани меҳру муҳаббат, садоқату вафодорӣ мусоидат намуда, ба онҳо ифтихор аз таърихи пуршарафи гузаштагонро меомӯзонад.

Дар қисмати баъдии чорабинӣ аз ҷониби китобдорони китобхона китобҳои тозанашри устодону донишҷӯёни донишгоҳ муаррифӣ карда шуд.

Дар интиҳо роҳбари донишгоҳ аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки доираи маҳфил васеъ карда шуда, асарҳои Пешвои муаззами миллат ба таври ҳамешагӣ мавриди омӯзиш қарор гирад. Зеро он донишҷӯёнро ба шинохти асолату фарҳанг ва таъриху тамаддуни пурғановати халқамон раҳнамун сохта, дар худшиносу худогоҳ ва ватандӯст тарбия ёфтани онҳо заминаи мусоид фароҳам меорад.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like