Мавсума Муинӣ: Худшиносӣ асоси муваффақият

 

16 октябри соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон  мулоқоти судманд бо муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва муовини раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода  баргузор гардид.

Вохӯриро ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому манзалат ва мавқеи занону бонувон дар ҷомеа мустаҳкам гардида, дар баробари иҷрои рисолати модариву қарзи шаҳрвандии хеш, бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созанда дар рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳми  назаррас доранд. Ба ин маънӣ Сарвари давлат таъкид доштаанд; “Мо ҳамеша ба нерӯи созандаи занону бонувони ватандӯсту ободгари кишвар такя мекунем ва нақши онҳоро дар устувор гардонидани оила, тарбияи шоистаи фарзандони баодобу соҳибмаърифат, инчунин, заҳмату талошҳои пайгиронаи онҳоро дар рушди мамлакат басо арзишманд мешуморем”.

Сипас, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ баромад карда, аз хотираҳои даврони донишҷӯӣ ва фаъолияти нахустинаш дар ДДҲБСТ ёдовар гардид. Ӯ иброз дошт, ки дар қиёс ба даври донишҷӯии мо имрӯз донишгоҳ хеле ободу зебо гардидааст. Тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам ва базаи моддиву техникии донишгоҳ пуриқтидор гаштааст. Танҳо донишҷӯёнро лозим аст, ки аз ин имкониятҳои фароҳамшуда пайваста омӯзанд, забондон бошанд ва донишҳои муосирро аз бар карда, ба давлату миллати хеш хизмат намоянд. Дар раванди ташаккули фаъолияти таълимӣ, илмию таҳкиқотии донишгоҳ, баланд бардоштани нуфузи он дар байни муассисаҳои дигари таҳсилоти олӣ ва гулгушукуфоии Ватани азизамон саҳмгузор бошанд.

Мулоқоти мазкур барои саодати маънавии насли толеъбаланди даврони истиқлол равона гардида, дар ботини ҷавонон – мутахассисони оянда хислату хусусиятҳоеро тарбия менамояд, ки онҳо ифодагари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ҳастанд.  Ҳамзамон, дар роҳи амалӣ намудани иқдомҳои созандаи Пешвои миллат ҷиҳати дастгирии ҷавонон, ҷалб намудани онҳо ба корњои ҷамъиятӣ, тарбияи онҳо дар руҳияи ватанпарастӣ, ташаккули ҳисси адабиётдўстӣ ва маорифпарварӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар идомаи мулоқот, аз ҷониби иштирокчиён даъват ба амал оварда шуд, ки бо роҳбарии Мавсума Муинӣ  маҳфили “Зан-сарвар”  ташкил карда шавад ва дар он занону бонувони фаъоли кишвар тариқи маҷозӣ ширкат варзанд. Дар маҳфил масъалаҳои вобаста ба фаъолияти занон, роҳҳои ҳалли мушкилоти оилавӣ  ва тарбияи духтарон ба оиладориву муваффақияти онҳо таҳлилу баррасӣ гардад. Пешниҳод ба хушнуди пазируфта шуд.

Мулоқот бо суҳбати озод ва саволу ҷавоб хотирмон хотима ёфт. Дар интиҳо ректори донишгоҳ ба меҳмонон туҳфаҳои рамзии раёсати донишгоҳро тақдим намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

You might also like