Эмомалӣ Раҳмон – ҳомии сулҳ ва оромии ҷаҳон

«Хотима бахшидан ба ҷанг, ба ҳам овардани тарафҳои даргир, таъмини сулҳу субот ва ҳамзамон бо ин, барқарор намудани муносибатҳои дипломативу ҳамкориҳои созанда бо кишварҳои олам барои мо аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераванд».

Эмомалӣ Раҳмон

Дар ҳар давру замон миллати таърихии тоҷик аз шебу фарози таърих ва озмоишҳои сахту сангин гузашта бошад ҳам, дастовардҳои фарҳанги асил, ҳувияти миллӣ ва оламгирашро нигоҳ медорад ва хоҳад дошт. Ба ҳамагон маълум, ки ниёгони мо бо талқини афкори пурарзиши «Пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек» беҳтарин ва равшантарин орзуву омоли инсоният ва рукнҳои ахлоқи ҳамидаро басо орифона ифода намудаанд, ки ин каломи пурҳикмат дар тўли асрҳо барои ташаккули арзишҳои солими башардўстона хидмат кардааст. Бешак, маҳз чунин тамаддуни пешрафта, суннату оинҳои дорои ҷанбаи ҳаётӣ, тафаккури зиндагисоз ва маърифати баланди ақлонии ниёгони мо буд, ки онҳо ба ганҷинаи тамаддуни башарият аз Зардушту Монӣ сар карда, то Рўдакиву Фирдавсӣ, Абўалӣ Синову Носири Хисрав, Умари Хайёму Имом Fаззолӣ, Шайх Аттору Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдиву Ҳофиз, Хоҷа Камолу Мавлоно Ҷомӣ, Сайидою Бедил барин садҳо нобиғаҳои илму адабу фарҳангро ато кардаанд.

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки имрўзҳо таҳти роҳбари арзандаи тоҷикони ҷаҳон Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи имрўзу ояндаи на танҳои миллати тоҷик балки пешрафти минбаъдаи ҷаҳони муосир пеша карда шавад. Ин гуфтаҳоро бешубҳа таърих исбот намуд.

Маълум ва равшан аст, ки тайи чанд вақти охир қазияи Афғонистон тамоми ҷаҳониёнро бо кирдорҳои нафтатовари гурўҳи дар Тоҷикистон мамнўи «Толибон» ба ғазаб овардааст. Аз кирдорҳои номатлуби ин гурўҳи террористи мардуми ин кишвар дар азият буда зарурат пеш омадааст то ҳар чи зудтар он ҳаллу фасли худро ёбад. Аммо мавқеъи «дудилагии» ҷаҳони муосир, давлатҳои абарқудрат ва созмонҳои байналмилалӣ шаҳодати он аст, ки гўё аксари онҳо интизори оне ҳастанд, ки аз ин мавқеъи Афғонистон ягон манфиате мебинанд ё на?

Дар баробари ин ҳангоме, ки қисмҳои ҳарбии ШМА шармандавор тарки хоки он давлат намуданду, аз ин имконият «Толибон» бе ягон монеа истифода намуда баъди ғасби Афғонистон ба ном Аморати Исломии Афғонистонро чун давлати давлати замонавӣ эълон доштанд, буданд давлатҳое, ки онҳоро эътироф намуданд. Андеша дорем, ки ин эътирофнамоӣ танҳо бо мақсади боигариҳои мавҷудаи Афғонистон буданду халос. Ҳайратоварии ин масъала боз дар он акси худро ёфт, ки чанде пас онҳо аз изҳори мавқиъи минбаъдаи худ худдорӣ намуда «дудилагӣ» зоҳир намуданд, ки қобили қабул нест.

Баргузор гардидани ҳамоишҳои сиёсӣ, ба андешаи мо тавонистанд мақеъи байналмилалии Тоҷикистонро маҳз дар масъалаи Афғонистон боз ҳам қавитар гардонанд. Зеро ҷониби Тоҷикистон зери партави сиёсати оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягон давлате маҳсуб меёбад, ки ҷонибдории хешро ҷиҳати ҳарчи зудтар хотима бахшидани ҳодисаҳои Афғонистон баён дошт.

Дар баробари ин яке аз муваффақиятҳои навбатии Тоҷикистон дар ин масъала дар рўзҳои наздик баргузор гардидани вохўрии Ҷониби Тоҷикистон ва Афғонистон ва ҷониби «Толибон» дар ш. Душанбе ба шумор меравад, ки қобили таҳсин ва дастгирӣ хоҳад буд.

Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат ки мегўянд: “Тоҷикистон ҳама гуна намуди беқонунӣ, зуҳуроти куштор, ғоратгарӣ ва таъқибу зулмро алайҳи мардуми Афгонистон, махсусан тоҷикон, узбекон ва дигар ақаллиятҳои миллӣ қатъиян маҳкум менамояд. Афғонистони ҷабрдида ва ин миллати ба мо дӯсту бародар набояд дигарбора ба гирдоби ҷангҳои хунини таҳмилӣ кашида шавад”.

Санавваров Ғ.Б. – н.и.ҳ., дотсент, мудири

кафедраи ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ ДДҲБСТ

You might also like