Бӯҳрони ҷадид дар минтақаи Шарқи Наздик

Дар Душанбе саммити СҲШ (Созмони Ҳамкории Шанхай) ва СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) ба поён расид. Дар он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, президенти Қирғизистон Садир Жапаров, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, сарвазири Покистон Имрон Хон, инчунин президенит Ҷумҳурии Белорусия Александр Лукашенко, президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Сарвазири Армения Никол Пашинян ва президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ширкат варзиданд. Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Русия Владимир Путин, Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди ва президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух тариқи онлайн ба ин ҷамъомад ширкат намуданд.

Мавзӯи асосии саммит вазъият дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва мубориза бо терроризм ба шумор рафта ва дар натиҷаи вохӯрӣ – аъзоёни СҲШ эъломия қабул карданд. Дар он гуфта шуд, ки:

  • СҲШ ҷонибдори сохтани ҳукумати нав дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, ки ба он на танҳо Толибон, балки “намояндагони ҳамаи гурӯҳҳои қавмӣ, мазҳабӣ ва сиёсии ҷомеаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон шомил мешаванд.”
  • СҲШ ҷонибдори ташаккули Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ҳамчун “давлати мустақил, бетараф, муттаҳид, демократӣ ва осоиштаи аз терроризм, ҷанг ва маводҳои мухаддир озодбуда.”

Коршиносон музокироти дар ш. Душанбе гузаштаро раванди душвор тавсиф намуда, натиҷаи саммити СҲШ-ро сермаъно баҳогузорӣ намудаанд. Аксарияти ихтилофҳоро бартараф кардан ғайриимкон буд: дар ш. Душанбе оид ба вазъи Афғонистон ва ғасби ҳукумат аз ҷониби Толибон якчанд нуқтаи назари комилан мухолиф садо доданд.

Мавқеи возеҳ ва сахттаринро, ки асосан Ҳиндустон дастгирӣ мекунад, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ишғол кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Толибон ӯҳдадориҳои худро дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир иҷро намекунанд: Толибон мехоҳанд танҳо кишварро идора кунанд.

“Қарори охирин дар бораи ҳайати ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон (ҶИА) ба таври возеҳ нишон медиҳад, ки Толибон новобаста аз қавмият гуногунрангӣ ҶИА роҳи ташкили ҳукуматро дар бар мегирад, ки дар он як қавм ҳукмфармост “, – гуфт Раҳмон. Вай алоҳида таъкид кард, ки “қонуни сахти асримиёнагии шариат”, ки аз ҷониби Толибон ҷорӣ карда шудааст, ба ҳеҷ чизи хубе нахоҳад овард.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин пешниҳод кард, ки мубориза бо ҳаракатҳои экстремистӣ барои ҶИА яке аз роҳҳои таъмини рушд ба шумор меравад. Баръакси ақидаи Э.Раҳмон, Сарвазири Покистон Имрон Хон гуфт, ки ишғоли ҳокимият аз ҷониби Толибон дар Афғонистон гӯё ба манфиати амният дар тамоми минтақа будааст. Имрон Хон инчунин бар ин ақидааст аст, ки новобаста аз таърихи даҳсолаҳои тӯлонии хунини Толибон, ин ҳаракатро набояд ҳаракати бадӣ шуморид.

Алҳол вақте фаро расид, ки мо бояд якҷоя бо халқи ҶИА як тану як ҷон бошем ва кӯшишҳои халалдоркунандаи амнияти ҷамъиятӣ, ки бо ҳаракатҳои Толибон алоқаманд аст, бояд бартараф намоем.

Ҳукумати Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ба сари ҳокимият омадани толибонро ҳамчун ҳақиқат эътироф намуданд. Ҳар ду тараф дар ин, лаҳзаҳои некро пай бурданд ва гуфтанд, ки ҳавасманд кардани мақомоти нави ҶИА барои иҷрои ваъдаҳояшон бобати барқарор кардани сулҳ, ба эътидол овардани ҳаёти ҷамъиятӣ ва таъмини амният барои ҳама арзанда хоҳад буд.

Бояд қайд намуд, ки амалан яке аз ҷиҳатҳои муҳиме, ки дар саммит аз ҷониби иштирокчиёни ин раванд эътироф карда шуд, ин онро дар назар дорад, ки расонидани кӯмаки башардӯстонаи таъхирнопазир ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон зарурият вуҷуд дорад.

Қосимов З.А.ассистенти

кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ

You might also like