Парки технологии ДДҲБСТ фаъолияташро густариш медиҳад
17 сентябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии, ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими кушодашавии оғози Давраи рушди дастгирии соҳибкорон ва стартапҳо дар якҷоягӣ бо ширкати PEM CONSULT дар доираи лоиҳаи GIZ TRIGGER II-“Пешбарии стартапҳо ва соҳибкорӣ” бо иштироки меҳмонон аз Ҷумҳурии Федералии Олмон ва намояндагони ташкилотҳои ҳамкор доир гардид. Дар ҷамъомад мудири рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, роҳбари иҷроияи ширкати ПЕМ КОНСАЛТИНК Хеннинг Бунгардс, роҳбари идораи дафтари барномаи ҶиАйЗет ТРИГГЕР 2 дар шаҳри Хуҷанд Азиз Назаров, коршиносони миллӣ Ҷумабой Шохмуродов, Сиевуш Норов иштирок ва баромад намуданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода иштирокчиёнро ба донишгоҳ шодбош намуда, изҳор намуд, ки марҳилаи инкишофи имрўзаи илму маориф дар кишвар гувоҳӣ аз он медиҳад, ки даврони Истиқлол дар пешорўи макотиби таҳсилоти олии касбӣ уфуқҳои нави рушду такомулро боз намуда, вазифаи басо пурмасъулият – парвариши мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар соҳаи илму маориф ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ маҳсуб ёфта, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқӣ, бунёду навсозӣ, сохтмону таъмири муассисаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ дода мешавад. Албатта ҳамаи пешравиҳо дар соҳаи маориф ва илм аз дастгирӣ, роҳнамоӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма гирифта, ин гувоҳӣ аз сиёсати фарҳангию маърифатии роҳбарияти мамлакат ва самти афзалиятнок будани маорифро дар сиёсати дохилӣ равшан нишон медиҳад. Дар заминаи ин, Донишгоҳи мо дар ин муддат низ бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, ба худ мазмуну мундариҷаи тозаро касб намудааст. Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон имрўзҳо бо 70 муассисаи илмию таълимии давлатҳои хориҷӣ шартномаҳои ҳамкорӣ дошта, дар ин замина дар донишгоҳ лоиҳаи GIZ TRIGGER II-“Пешбарии стартапҳо ва соҳибкорӣ амал намуда истодааст, илова намуд роҳбари донишгоҳ.
Инчунин илова шуд, ки фаъолияти Парки технологӣ якҷо бо барнома ва лоиҳаҳо аз он ҷумла ширкати ПЕМ КОНСАЛТИНК (PEM Consult) ва лоиҳаи ҶиАйЗет ТРИГГЕР 2 (GIZ TRIGGER II) дар бахши ҷавонон, ба тарбияи кадрҳо, мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастидошта равона гардида, дар ин роҳ муваффақ гардида истодаанд.
Дар интиҳо изҳори умедворӣ карда шуд, ки баргузории мулоқот дар самти рушди дастгирии соҳибкорон ва ҳамгироии илм бо истеҳсолот заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






