Омӯзиши самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон
Тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон чорабинӣ доир гардид. Дар мулоқот намояндагон аз раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят ва раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва устодони донишҷӯёни факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ ширкат варзиданд. Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои тарбия Хоҷаева М. чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар чорабини 10 самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон мавриди омӯзиш қарор мегирад.
Дар идома муовини сардори раёсати ҷавонони вилоят Замира Мансурова баромад кард. Иброз шуд, ки давлату ҳукумат имрӯзҳо барои ҷавонон ва дастгирии давлатии онҳо тамоми тадбирҳоро амалӣ намудааст. Танҳо ҷавононро лозим аст пайваста омӯзанд ва мутахассиси варзида гардида ба давлату миллати азизи хеш саҳми назарраси худро гузоранд.
Намояндаи раёсати Агентии НДМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баромад кард. Қайд шуд, ки имрӯзҳо дар бораи нашъамандӣ ва оқибатҳои мудҳиши он тамоми қишрҳои ҷомеъа, аз ҷумла наврасон, ҷавонон ва калонсолон иттилоъ доранд.Ё худ қобили таваҷҷуҳ аст, ки ашхоси солимақл нашъамандиро ҳамчун амали номатлуб маҳкум мекунанд. Агар яке аз сабабҳои ин аз таҷрибаи зиндагӣ – шунидану дидани ҳоли нашъамандон бошад, сабаби дигар ин аз ҷониби давлат ва мақомоти марбутаи он ташкил намудани чорабиниҳои иттилоотии хусусияти зиддинашъамандӣ дошта ва муқобилият бар зидди муомилоти ғайриқонунии ин мавод мебошад.
Дар интиҳо таъкид шуд, ки ҳадаф аз мулоқоту вохӯриҳо хештаншиносу ватандӯст тарбия намудани ҷавонон маънидод карда шуд. Мулоқот бо саволу ҷавоб ва мулоҳизарони хотима ёфт.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа




