Табрикоти ректор, профессор Шарифзода Муъмин Машокир ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодони арҷманд, донишҷӯёни азиз!
Имрӯз тамоми сокинони Ватани биҳиштосоямон дар фазои идона, рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва музаффариятҳои 30 соли соҳибистиқлолӣ ҷашни мудаддаси миллиамонро таҷлил менамоянд. Бо истифода аз фурсати муносиб Шумо ва кулли сокинони кишварро бо фарорасии 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва дар кору фаъолиятатон бурдбориҳо таманно менамоям.
Соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд. Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд. Ба ин васила ояндаи неку осоишта, зиндагии сарбаландона ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ насиб гардид.
Дар зарфи сӣ соли соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маорифи кишвар низ ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, мақому манзалати шоиста касб намуд. Дар назди ҳамаи мо вазифаи басо пурмасъулият – омода намудани мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро гузошт. Ба ин васила, донишгоҳ ҳамчун самараи неки даврони соҳибистиқлолии кишвар дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба бозори ҷаҳонии меҳнат, воридшавӣ ба фазои байналмилалии таҳсилот, вусъати ҳамгироии илм ва истеҳсолот, ташаккули равобити хориҷӣ, таҳким бахшидани пойгоҳи моддию техникии раванди таълим ва ба таъмини дурнамои устувор ва муназзами пешрафту инкишоф муваффақ гардид.
Воқеан, 30 соли Истиқлоли давлатӣ марҳалаи навини давлатдории миллӣ, давраи амалишавии нақшаҳои азими созандагӣ, ҳадафҳои стратегӣ, омили иттиҳоду сарҷамъӣ, нишонаи возеҳи ҳастии миллат, дар маҷмӯъ заминаи бунёди давлати нерӯманду устувор ва зиндагии шоиста маҳсуб ёфта, дар дили ҳар як фарзанди бонангу номуси Тоҷикистон оташи меҳр, ҳамдиливу ҳамфикриро фурӯзон нигоҳ дошт ва умеду эътимодро ба фардои дурахшони Ватан афзун намуд.
Аз дастовардҳои Истиқлолият ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд аз он ифтихор намоем ва ба қадри истиқлолу озодӣ бирасем. Боварии комил дорам, ки дар қатори мардуми шарифи кишвар устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ ба хотири боз ҳам густариш бахшидани падидаҳои неки ин ҷашни таърихӣ ва барои пешрафти Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда мегузоранд.
Бо камоли ифтихору шукргузорӣ бори дигар дар ин айёми фараҳафзои ҷашни сарнавиштсози Истиқлоли давлатӣ ба Шумо рӯзгори босаодат, камолоти эҷодию маънавӣ, дар корҳои имрӯзу ояндаатон муваффақияту комёбиҳои беназир ва ба Тоҷикистони маҳбубамон пешрафту шукуфоии абадӣ таманно менамоям.

Рӯзи Истиқлоли давлатӣ муборак!

You might also like