Аҳамияти худшиносӣ ва ваҳдат дар ҳалли мушкилиҳои тарбияи ҷавонон

Оиди муайян намудани мазмуни мантиқии категорияҳои  худшиносӣ, ваҳдат ақидаи олимони файласуф ҷомеашинос мухолифи якдигаранд. Баъзе аз онҳо ҷонибдори чунин ақидаанд, ки ҳар як одам нотакрор буда, бо истеъдоду қобилиятҳои бешумор ба дуньё меоянд. Аммо  шахс аз маҷмӯи муносибатҳои иҷтимоӣ ва ахлоқӣ иборат буда бо фаъолияти бошууронаю мақсадноки  худ бо одамони дигар ҳамеша дар муошират қарор дорад.

Мазмуни фалсафии ваҳдат ягонагӣ ,якдилӣ, якдгарфаҳмӣ буда бо конуни диалектикии ягонагӣ ва мубориза бо ҳам зидҳо ифода  мегардад. Худи ҷомеа ба туфайли ваҳдат дар асоси марому мақсади ягона, дар асоси эхтиёҷ доштан ба маҳсули меҳнати якҷояи одамони зиёд бунёд шудааст. Мутафаккирон ҳануз дар замонҳои хеле қадим ба моҳияти истилоҳи ваҳдат, худшиносӣ таваҷҷӯҳ зоҳир мекарданд.Дар воқеият ин қонуни диалектика дар ҷое мушоҳида мешавад,ки масъалаҳои мушкилҳал хеле зиёданд. Яке аз асосгузорони фалсафаи классикии Олмон Гегель қонуни ягонагӣ ва муборизаи ба ҳам зидҳоро чун қонуни мантиқ ва чун принципҳои асосии рушди идеяҳо  ҳисоб кардааст.

Мавзӯи ваҳдат, худшиносии миллӣ актуалӣ ва рӯзмарра мебошад. Файласуфон, нависандагон, муаррихони тоҷик С.Айнӣ. Б.Ғафуров, А.Баҳоваддинов, Мирзо Турсунзода, Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар асарҳои худ ва маърӯзаҳои онҳо аз минбарҳои баланд фарогири мавзӯҳои гуногун буда, ба рушди ваҳдат ва худшиносӣ мусоидат менамоянд,ки инъикоси манъфиатҳои миллӣ халқи тоҷиканд. Ошкор намудани сабабҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимои  гаравидани ҷавонони Тоҷикистонӣ хеле заруранд. Аз таҳлилҳо чунин бармеоянд. Бештари ҷавононе, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар ҳаллӣ масъалаҳои иқтисодӣ ба дучори мушкилиҳои зиёде шуда ба осони гаравида мешаванд. Сабаби дигари гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ коста будани тафаккури сиёсӣ, динӣ, фарҳангӣ буда бартараф намудани ваккум дар майнаи онҳо пайдо шудааст хеле заруранд. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ,худшиносӣ ,дарки арзишҳои маънавӣ дар ҷои холӣ падид намеоянд,заҳмати зиёдеро, зиракии сиёсии харрӯзаро талаб мекунад. Рӯзномаҳо, маҷалаҳо саршори мақолаҳо оиди зарари ифротгароӣ ва зарурияти ватандӯстӣ мебошанд, аммо боиси нигаронӣ аст, ки ҷавонони муосир  онҳоро мутоила накарда бештар ба интернет ва филмҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳ зоҳир менамоянд. Бинобар ин  омӯзгорони системаи маориф бояд ӯҳдадор бошанд, ки соатҳои тарбиявиро самаранок истифода намуда, шогирдони худро дар руҳияи ватандустӣ, ваҳдати миллӣ тарбия намоянд.

Вақти он расидааст, ки ҳар яки мо масъулини соҳаи маориф аҳамаяти таърихии Созишномаи ваҳдат ва дастовардҳои истиқлолиятро бо далелҳои исботшаванда фаҳмонда, ҷавононро ба сӯи зиндагии пурсаодат ҳидоят намоянд. 20 соли ваҳдатро чун наҷотбахши  миллат, таҳкимбахши сулҳу амният маънидод намуда, ҷавононро ба созандагиву ободонии ватани азиз  раҳсипор намоем. Муроқибаи зинда, соволу ҷавоби рӯ ба рӯ  бо ҷавонони деҳот хеле нишонрас ва муфид аст.

 

Юсупов С. З. – асистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ

You might also like