ДДҲБСТ: Баргузории конференсияи илмӣ таҳти унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ”

04 сентябри соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ таҳти  унвони “Истиқлол-рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандорӣ”  доир гардид. Дар кори конференсия раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, кормандону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст меҳмонон дар даромадгоҳи маҷлисгоҳ аз дастовардҳои устодону донишҷӯёни ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ дидан намуданд.

Ректори ДДҲБСТ, профессор Муъмин Шарифзода ҳамоишро ифтитоҳ намуда иброз дошт, ки имрӯз тамоми сокинони Ватани маҳбубамон дар фазои идона ва  рўҳбаландии беназир аз дастовардҳои фараҳбахши соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат 30-юмин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегиранд.

Дар ҳақиқат истиқлоли давлатӣ дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, аз ибтидои ин марҳилаи тақдирсоз таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президанти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсию иҷтимоии кишвар ба роҳ монда шуд, ки ин падида шоистаи арҷгузорист.

Дар идома раиси шаҳри Хуҷанд Фирдафс Шарифзода дар мавзӯи “Истиқлол-нишони пойдории давлат ва бахту саодати миллат” баромад намуд. Иброз шуд, ки воқеан, соҳибистиқлолӣ рамзи саодату ҳуввият, шарти бақои давлату миллат, нишонаи ифтихор ва номус буда, таҳти сиёсати ояндасози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати фарҳангсолори тоҷик тақдири худро ба даст гирифта, роҳи пешрафти минбаъда ва сарнавишти ояндаи сарзамини биҳиштосои хешро мустақилона интихоб намуд.  Бо талошҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат  истиқлолу озодӣ таҳким ёфта, сулҳу субот пойдор ва рушду нумўи давлатдории миллӣ таъмин шуд.

Ба ин васила ояндаи неку осоишта, зиндагии сарбаландона  ва ба ояндагон ба мерос гузоштани давлати мутамаддини ҷаҳонӣ насиб гардид, илова намуд Фирдавс Шарифзода.

Инчунин дар конференсия  иштирокчии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорхон Мухиддинов дар мавзӯи “Нақши иҷлосияи Шӯрои олӣ дар таҳкими истиқлоли давлатӣ“,  мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, дотснт Далер Дадоматов дар мавзӯи “Соҳибистиқлолӣ-заминаи рушди соҳибкорӣ”  баромад намуданд.

Қайд шуд, ки дар ҳақиқат, соҳибистиқлолӣ дар рушди соҳибкории миллӣ заминаи мусоид фароҳам оварда, Ҳукумати мамлакат бо таҳияи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишварро дар пояи таъмини рушди устувори иқтисодӣ муайян намуд. Дар ин замина ҳадафҳои олӣ: таъмини амнияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва саноатикунонии босуръати кишвар роҳандозӣ гардидаанд.  Бунёди неругоҳҳои барқии хурду бузург дар кишвар, сохтмонҳои қитъаҳои алоҳидаи роҳҳои мошингард,  зиёд гардидани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, афзудани даромадҳои буҷетӣ, бунёди иншооти хурду бузурги иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва маишиву фарҳангӣ дар мамлакат, эътироф ва амалишавии  ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси сарфарозии ҳар як сокини кишвар маҳсуб меёбад.

Натиҷаҳои кори конференсия ҷиҳати боз ҳам густариш бахшидани падидаҳои неки  ин ҷашни таърихӣ ва  пешрафти Тоҷикистони азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like