Ғолибияти донишҷӯи ДДҲБСТ дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Ба истиқболи 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо мусобиқаҳои гуногун ташкилу баргузор гардида истодаанд. Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар баробари аз худ намудани барномаҳои таълимӣ ва иштирок дар озмуну олимпиадаҳо дар мусобиқаҳои варзишӣ низ ширкат варзида борҳо ба комёбиҳо шарафёб шудаанд.

Чанде пеш донишҷӯи соли чоруми факултети молияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рустам Мадбобоев дар мусобиқаи кушоди ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди санъати муҳорибаи омехта, ки бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, сазовори ҷойи аввал шуд. Мусобиқаи мазкур дар ноҳияи Спитамен доир гардида, дар он беш аз 200 нафар варзишгарон аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд. Донишҷӯи ДДҲБСТ Рустам Мадбобоев дар вазни 77 кг ба ҳамаи рақибонаш дастболо гардида, сазовори мақоми аввал гардид. Барои ғолибият дар мусобиқа донишҷӯи донишгоҳи мо бо медалу диплом қадршиносӣ гардид.

Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа

 

 

You might also like