Нақши Пешвои миллат дар  таъмини осоиштагии ҳаёти ҷомеа

Дар таърихи давлатдории муосири мо, дар  лаҳзаҳои муҳиму пур аз низоъи иҷтимоӣ,  шахси хирадманду дурандеш, фарзанди шуҷоъи миллат ба  саҳнаи сиёсат омада,  дар талоши ваҳдату адолат, ҳифзи диёри аҷдодӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ пешвою дардошнои мардум гашт, дар пайраҳаи пур аз печутоби зиндагӣ, дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли мушкилоти мардум  тамоми ҳастии худ, ҳаёту қисмати худ, бурду бохти худро бо тақдири Ватан ва миллати худ пайваст.

Воқеан, мо – насли имрўза шоҳиди он ҳастем, ки дар як вазъияти тақдирсози миллатамон вориси сиёсатмадор, пешвои адолатхоҳ ба саҳнаи давлатдории нави тоҷикон омада, тавонист фазои сулҳу суботро дар кишварамон барпо ва ҳимояи дастовардҳои истиқлолияти давлатиро таъмин намояд, ба эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ таҳкурсии боэътимод гузорад. Пешвои миллат дар як вазъияти мураккаб ва ноором, ки давлати мо дар вартаи ҳалокат қарор дошт, масъулияти гаронеро ба зиммаи худ гирифт, то ки ҷомеа ва давлати Тоҷикистони соҳибихтиёр бо сарбаландӣ  ба марҳалаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шавад ва мардуми кишвар ба сўи ҳаёти осоишта  ва арзанда, ба остонаи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа бо умед қадами устувор ниҳад.

Дар замони муосир – дар замони таҳҳавулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, баландшавии тарғибот ва ташвиқоти ғояҳои қувваҳои гуногун, идеология ва ташаккули нигоҳи нави иҷтимоӣ  Сарвари давлат, пеш аз ҳама, худро дар назди наслҳои ҳозира ва ояндаи миллат масъул ва вазифадор донист, ки таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли он, осоиштагӣ, ободӣ,  оромии ҳаёти мардуми мамлакатро, фазои сулҳу субот ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро таъмин намояд. Ба ҳамаи душвориҳои иқтисодиву сиёсӣ-иқтисодӣ, иҷтимоӣ-маънавӣ нигоҳ накарда, бо сайъу кўшиши пайваста ва оқилонаи худ, Роҳбари давлат  тавонистанд дастовардҳои миллии тоҷикон, муқаддасоти миллӣ, дурнамои  боэътимоди давлатдории миллӣ, истифодаи оқилонаи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эҳё, эълон ва таъмин намояд. Пешвои миллат дар ҷустуҷўи роҳи баромадан аз даҳшати бўҳрони сиёсиву иҷтимоӣ дар баргузории гуфтушунид, мусолеҳа ва созишу мулоқотҳо санъати баланди масъулиятнокиро дар амал татбиқ намуд.

Барқарор карда шудани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон бузургтарин дастоварди Истиқлолият гашт. Сулҳу суббот дар кишвар, имконият фароҳам овард, ки халқи Тоҷикистон бо роҳбарии пешвои хирадманди худ ба созандагию бунёдкорӣ, ба татбиқи барномаҳои истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, ба ғанӣ гардонидани фарҳангу  маърифат, ба эҳёи илму техника, ба таъмини адолати иҷтимоӣ ва такмил додани қонунгузорӣ ва ислоҳоти ҳуқуқӣ дар кишвар шурўъ намояд.

  Дар давоми  солҳои истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асосҳои ташаккули давлатдории миллии худро ташаккулу мустаҳкам намуд, балки дар арсаи байналмилалӣ низ ҳамчун субъекти мустақили ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути чандин пешниҳод ва ташаббусҳои созандаю сулҳхоҳонаи Президенти кишвар, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон обрўву нуфуз ва эътибори калонро соҳиб гардид.

Саволе ба миён меояд, ки оё мо роҳи дигари рушди ҷомаеро интихоб карда метавонистем? Дар сурати интихоби роҳи дигари пешравӣ моро чи гуна оқибатҳо интизор буданд? Кадом омилҳо ба интихоби ҳамин роҳи инкишофи ҷомеа сабаб гардиданд? Роҳи инкишофи минбаъдаи кишвар чи гуна сурат мегирад? Барои ҷавоби аниқ додан ба ин ва дигар саволҳо зарурияти таҳлили паҳлуҳои гуногуни рўйдодҳои гузашта дар кишвар, ба ҳампайвастагии воқеаҳои иҷтимоӣ, зарурияти интихоб ва татбиқи роҳу услубҳои мақсаднок, хусусиятҳои рушди соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа дар замони муосир ба миён меоянд, ки минбаъд ҳам диққати муҳаққиқон, таърихшиносон, сиёсатшиносон, ҳуқуқшиносон, ҷомеашиносон ва аҳли пешсафи ҷомеаро ҷалб хоҳанд кард.

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон, як гурўҳ ба роҳбарӣ гирифтани таҷриба ва ғояҳои  давлатҳои пешқадами Ғарбро ҳамчун  роҳи  ягонаи  наҷот ва халосӣ аз душвориҳо донанд, гурўҳи дигар умедҳои худро фақат ба худшиносӣ, анъанаҳои  таърихӣ ва фарҳанги миллӣ вобаста карда буданд. Зумраи дигар, бо шубҳа ба сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати нави Тоҷикистон, ҳамчун давомдиҳандаи низоми тоталитарии коммунистӣ баҳо дода,  дар ҷустуҷўи барпо намудани муҳити нобоварӣ ва низоъ буданд. Ҷойи муқаддас – эътиқоди мардум, фазои идеологӣ холӣ намонд. Дере нагузашта  дар  қатори чунин ақидаҳо, дар байни мардум афзалият пайдо кардани ақидаҳои  низоъангезу  ифротангез, ақидаҳо ва шиорҳои гўё «динӣ» мушоҳида гаштанд, ки дар як муддати кўтоҳ бо дастгирӣ ва  маблағгузорӣ аз хориҷи кишвар, ташкилоту созмонҳои ба ном хайриявӣ тавонист тарафдорони худро пайдо намояд, муттаҳид ва мусаллаҳ созад, ба руҳия ва ҷаҳонбинии мардум таъсири ҷиддӣ расонад, халқи моро ба вартаи низоъ ва фоҷеа андозад. Ин амалҳо дини мубини исломро доғдор намуда, ба эътибору нуфузи он зарар расониданд.

Дар  байни  мардум зуд паҳн гаштан ва афзалият пайдо кардани ақидаҳои аз дини мубини ислом сарчашма гирифта беҳуда набуд, чунки мардуми мо  дар таи садсолаҳо ба дини мусулмонӣ эътиқод доранд, қоидаву меъёрҳои онро муқаддас медонанд, ва ин эътиқод ба ҷузъи ҷудонашавандаи тамаддуни мардуми  кишвар табдил ёфтааст. Лекин, бинобар дар доираи нисбатан маҳдуд фаҳмидани мазмуни аслии меъёрҳои дини мубини  Ислом ва минбаъд бо ҳисси манфиатдорӣ, шўҳратпарастӣ нодуруст, ба таври  ғалат шарҳу маънидод ва шитобкорона ташвиқоту тарғибот шудани асос ва қоидаҳои динӣ аз ҷониби «ба ном» ҳомиён ва ходимони дин, боиси он гардид, ки  мақсадҳои ниҳоии ифродгарон зери пардаи демократияи исломӣ ноаён монд. Мутаассифона қисме аз мардуми зудбовар ва ғофил, хусусан ҷавонон, ба доми фиреб ва иғвогарӣ афтода ҷони худро дар кашмакашҳои хунини маҳаллию гурўҳӣ фидо карданд. Ин оқибатҳои таҷовузи мақсадноки идеологии қувваҳои сиёсие буд, ки вазъияти  ҷамъиятию  сиёсии Тоҷикистонро ба сўи фоҷиаҳои даҳшатноки ниҳоӣ такон доданд.

Раванди минбаъдаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ ба татбиқи ислоҳоти идоракунии бахши давлатӣ, ба рушди иқтисодӣ ва ҳарчи бештар устувор гардидани нақш ва мақоми соҳибкорӣ дар иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам овард. Татбиқи босуботи ислоҳоти иқтисодӣ ба низоми нави хоҷагидорӣ, ба фаъолияти мўътадил  ва пурсамари  соҳибкорӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, афзоиши истеҳсоли маҳсулот, рушди мунтазами корхонаҳои хурду миёнаи саноатӣ шароити мусоид фароҳам овард, ҳифзи ҳуқуқи соҳибкорон, ҳамаи шаклҳои моликият  ҳамчун таъиноти асосии давлат дар ин самт муайян карда шуд.

Лекин, дар ҳар як марҳилаи рушди ҷомеа  иродаи созанда ва дастовардҳои миллии мо бо падидаҳои нав мавриди  санҷиш қарор мегиранд. Ҳоло дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир, густариш пайдо кардани зуҳуроти ниҳоят хатарнок – терроризм ва экстремизм, хавфи аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ба миён омада, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Чунин вазъият ба манфиатҳои миллии мо низ таъсир мерасонад. Илова ба ин, вақтҳои охир бо воситаҳои расонаҳои хабарӣ, рўзномаву мақолаҳо арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, сабабу омилҳои дигаргуниҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар ҷумҳуриамон аз нигоҳи манфиатҳои гурўҳиву минтақавӣ арзёбӣ шуда истодаанд, ки ба пешрафту нуфузи давлати мо  халал мерасонанд.  Дар сурати бепарвоӣ зоҳир кардан, хомўшӣ, беандешагӣ, бемасъулияти нисбати ин гуна падидаҳо,  бо  мурури вақт дар вазъияти муайян онҳо метавонанд  боиси сусту фалаҷ гардидани меҳру шафқат, нангу номус, имону виҷдон, авҷи беадолативу беномусӣ гардида, рукнҳои маънавӣ-ахлоқии миллиро дар ҳалли таъҷилии муаммоҳову, фавран ва бамаврид амал кардан оҷиз гардонанд.

Аз ин рў, дар шароити имрўзаи ҷаҳонишавию шадид гардидани муносибатҳои байналхалқии сиёсиву иқтисодӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ , Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, фазои солими маънавӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан ҷавонон диққати махсус зоҳир менамоянд. Пешвои миллат мубо­риза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти экстремизми байналмилалиро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини ам­нияти миллӣ қайд намуда, тақвияти минбаъдаи  ҳамкориҳои муштаракро дар ин самт ба роҳ мондаанд. Дар ин самт мубориза бар зидди терроризм ва экст­ремизм (ифротгароӣ) бо ошкор намудан,  пешгирӣ ва аз байн бурдани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ,  ногузирии ҷазо барои ҳама гуна ҷиноят, ҳифзи ҳуқуқи инсон ба амнияти шахсӣ, сарфи назар аз миллат, шаҳрвандӣ, эътиқоди динӣ, ақида ва нуқтаи назар, тарғибу ташвиқот ва ҳамкорӣ бо дигар давлатҳо пайваста роҳандозӣ мешаванд.

Ҳамин тариқ, ба дастовардҳои саҳифаҳои фаромўшнашавандаи таърихи давлатдории муосир аз нигоҳи сиёсӣ-ҳуқуқӣ бори дигар назар намуда, онҳоро ба раванди таълиму тарбия ва тавқияти маърифати сиёсӣ-ҳуқуқии ҷавонон равона кардан ногузир аст. Чунки воқеаҳои начандон дуру, таҷрибаи солҳои сипаригаштаи ҳаёти кишварамон маротибаи дигар аз он шаҳодат медиҳанд, ки баҳри ояндаи ободи Ватан мо бояд имрўз заминаи боэътимоди маънавӣ гузорем. Сабақҳои таърихии Ватанро ба фаромўшӣ оварда расонидан ба мо ва наслҳои оянда, ба ҷузъ аз заволи миллату давлатамон, оқибатҳои хуб намеоранд. Дарвоқеъ, устувор намудани пояҳои давлату давлатдории миллӣ ва ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ аз ҳар яки мо дар самти кору фаъолияти худ масъулияти бузургро тақозо намуда, ҳар фарди бонангу номусро вазифадор месозад, ки ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, истиқлолияти давлатӣ, афзун намудани дастовардҳои миллӣ, эътибори кишвар дар арсаи  ҷаҳонӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандорӣ кўшишу талоши пайваста дошта бошем.

Раҳматулоев А.Э.- профессори кафедраи

 ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории ДДҲБСТ

You might also like