Ифротгароӣ ва масъалаҳои терроризм

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм  ба ташвиш овардааст. Ифротгароӣ ва терроризм аз ҷумла ҳодисаҳоеанд, ки барои амнияти миллӣ ва давлатдории ҳар як мамлакат ва тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ хатар эҷод мекунад. Мақсади асосии  гуруҳҳои террористӣ, пеш аз ҳама расидан ба ғаразҳои сиёсию иқтисодист.

Дар шакли умумӣ ифротгароӣ ҳамчун пайравӣ ба ақида ва амалҳои чапгарое мебошад, ки меъёрҳо ва қоидаҳои дар ҷомеа мавҷудбударо қатъиян рад мекунад.

Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикосёфтае мебошад, ки ба бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ даъват мекунад.

Аз ҳамин сабаб ифротгароӣ бо назардошти таҳаввулоти умумиҷаҳонӣ ва минтақавӣ бояд ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва идеологияи ифротӣ дар ҷомеа ва давлат дониста шавад, яъне он дар сатҳи шахсият ҳамчун зуҳуроти ғоя, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун зуҳуроти сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа ҳамчун идеология шинохта шавад. Агар ифротгароиро ҳамчун ғояи шахсият, идеологияи ҷомеа ва сиёсати ҳокимият шуморем, пас мумкин аст онро чунин муайян намоем: экстримизми сиёсӣ зуҳороти ифротии идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва ҳокимияти давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ дар ҳолат ва шароити муайян амалҳои зўроварӣ ва терроризм мебошад.

Терроризм содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоваранд, истифодаи он мақсади ҷисмонан бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани карорҳо мебошад.

Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо вазъият ба куллӣ тағйир ёфт, ки ин ҷанги хунрезиҳоро дар кишварҳои шарқи наздик ҳамеша мушоҳида мекунем. Дар ин бора мутафаккири барҷаста Хемингуэй гуфтааст: «Агар дар оянда ҷанг рух диҳад, он ҷанг байни тамаддунҳо хоҳад буд ва шадидтарин ихтилофу ҷангҳо дар сарҳади байни тамаддунҳо ба вуқӯъ хоҳад омад».

Ба ҳамагон маълум аст, ки гуруҳҳои террористӣ барои анҷом додани амали ваҳшионаи худ ба мазҳабу дин такя мекунанд, ки ин ба дин ҳеҷ алоқамандӣ надорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар таъкид намуданд, ки «Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст».

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии ин Ватани биҳиштосо ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Ҳодисаҳои нангине, ки имрӯзҳо дар кишварҳои Либия, Тунис, Сурия, Ироқ, Миср ва дигар давлатҳо ба вуқуъ омадаанд, ҳеҷ як шахси солимфикру солимақлро бетараф гузошта наметавонад.

Имрӯз коршиносон ба ин назаранд, ки ба доми террористӣ бештар ҷавонони муҳоҷир ё муҳассилини кишварҳои арабӣ ҷалб мешаванд. Барои ҷалб кардани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Аз ҷумла барои ҷалби ҷавонони минтақаи Осиёи марказӣ сомонаҳои мухталифи интернетӣ воситаи асосӣ мебошанд. Чӣ хеле, ки аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ як гуруҳ ҷавонони тоҷикро бо гуруҳи исломии Узбекистон пайваст шуданро намоиш дод, дар он ҷо падари яке аз ҷавонон бо оби дида гуфт, ки чунин фарзандро аз руи замин нест созед то ин, ки ман ҳамчун падар пагоҳ дар назди миллату давлатам сархам ва ба ҷавобгарӣ кашида нашавам.

Зўроварӣ, зулм фишороварӣ, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурўҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат мумкин аст эътирозро ба вуҷуд оварад, ки он мумкин ба ифротгароӣ сабзида расад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифротгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Аз ин рў он бояд объекти таваҷҷўҳ ва омўзиши ҳамешагӣ  қарор гирад, махсусан аз ҷониби низоми муассисаҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар.

Ба муқобили ифротгароӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлат мубориза баранд. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлат, пеш аз ҳама, бояд шароити иҷтимоию иқтисодиеро, ки ба тавлиди ифротгароӣ мусоидат менамояд, бартараф намояд, фаъолияти ғайриқонунии ифротгароёнро пешгирӣ кунад. Ҷомеа бошад, бояд бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, васоити ахбори омма ва ғайра ба ифротгароии динӣ истодагарӣ кунад. Барои ин ба ғояҳои ифротгароӣ ғояҳои инсондўстона ва принсипҳои таҳаммул, сулҳ ва мусолиҳаи шаҳрвандиро муқобил гузорад.

Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин наъмат мебошад. Ба мо зарур аст, ки ин ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар баста, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем, зеро бетарафӣ дар лаҳзаҳои таърихӣ нобахшиданӣ мебошад ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистонро ғуборолуд созад.

 Мирзозода Фарҳод – дотсенти кафедраи менеҷменти ДДҲБСТ

You might also like