Меҳанпарастӣ аз омӯзиши таърихи Ватан оғоз мегардад

Имрӯзҳо мо мебинем, ки ба туфайли соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди консепсияи миллии омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар таълими таърихи ватани худ чӣ дар мактабҳои миёна ва чӣ дар макотиби олии ҷумҳурӣ дигаргуниҳои муфид ба амал омада истодаанд. Ба ақидаи мо толибилмони макотиби ҳамагонӣ ва олӣ ба ин раванд лаббайк гуфта, ҳаматарафа таърихи Ватанро чӣ аз ҷиҳатҳои мусбат ва чӣ аз ҷиҳатҳои манфӣ амиқтар биомӯзанд. Магар дар асоси омӯхтану донистани ҷиҳатҳои мусбию манфии таърихи аҷдодон меҳри кас ба Ватани хеш афзоиш хоҳад ёфт. Имрӯз, ки мо соҳиби истиқлолияти давлатӣ ҳастем, вазифа ҳамин аст, ки Ватани худро, таърихи ӯро чӣ дар замони бостон ва чӣ дар замони қуруни вустою наву навтарин амиқан бидонем. Мо бояд харитаи ҷуғрофӣ ва сиёсию иқтисодии Ватанамонро хуб донем. Роҳҳои азбаркунии таърихи Ватан гуногунанд. Аз мутолеаи китобҳои дарсӣ сар карда, то сарчашмаю дастовардҳои бостоншиносон, саёҳати осорхонаҳо, бойгониҳо, китобхонаҳо, маҳфилҳову конфронсҳо, дидани филмҳо, суҳбати пирону устодон, хуллас бо навъи гуногун омӯхтани таърихи аҷдодон аз гузашта то ҳоло ниҳоят зарур аст.

Ҳангоми ба забон овардани Меҳан кас мутаваҷҷеҳ ба он мешавад, ки оё меҳани ман дар арсаи кишварҳои ҷаҳонӣ, пеш аз ҳама мамолики ҳамҷавор бо кадом нишондодҳояш фарқ мекарда бошад, ки ин қадар ман ӯро дӯст медораму мепарастам. Посух ба андеша ҳамин аст, ки ҷавҳари асосии меҳрангезии ман ба ин кишвар, пеш аз ҳама дар он аст, ки ин Ватани ман аст. Зодгоҳе, ки дар ин ҷо падару бобобузургони ман ба олам омадаанду дар ҳамин ҷо хок шудаанд. Ватане, ки бо ҳама серсангиҳояш, баландкуҳиҳояш, серобию беобиҳояш, гармою сармоҳояш моро дар оғӯш гирифтаву ба воя расонидааст. Ватане, ки бо номи он шиносномаи ифтихорӣ дорам, Ватанест, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё ба ин нишона маърафӣ ҳастам. Аввалин калимаи суроғаи ман Тоҷикистон аст. Мегӯянд, ки дар зиндагӣ кас метавонад ҳама кору тахассусашро табдил диҳад, аммо Ватанро табдил кардан ногувор аст. Зеро ин ҳамон маконест, ки ту ҳамчун падару бобоён дар ин ҷо ба дунё омадию меравӣ. Пас савол ба миён меояд, ин Ватан, ки ту бо тамоми ҳастият ин қадар дӯст медорӣ, кадом лаҳзаҳои пурҳаяҷону бобаракати инсониро барои наслҳои ҳозираву оянда боқӣ мондааст. Ба ин савол таърих, ки гувоҳ аст, ҷавоб хоҳад дод ва аз ин лиҳоз тақозо ҳамин аст, ки барои ба саволҳои дӯстонаю душманона посух додан гаштаю баргашта таърихи ҳазорсолаи аҷдодонамонро мутолиа бояд кард. Танҳо дар асари омӯзишу дониши таърихи пурпечу хами аҷдодӣ, ба кас ҳам меҳри зиёду ва ҳам ҳисси худшиносии ҷавонон қавӣ хоҳад гашт.

Мутобиқи дастовардҳои бостоншиносон аҷдодони гузаштаи мо сароғоз аз ҷомеаи обшинаи ибтидоӣ аввалин бумиёни ин сарзамин буданд ва аввалин давлатҳои ғуломдорӣ низ дар ҳамин сарзамин оғозу такомул ёфтаанд. Фарзияҳо оид ба давлатҳои асотирии Пешдодию Каёнӣ ва ақидаҳо оид ба дували воқеии Суғду Бохтар, Порту Хоразму Даван ва ғайра гувоҳи онанд, ки аҷдодони мо созандагони аввалин рамзи инсонӣ дар ин сарзамин будаанд.

Ҳеҷ сарчашмаи таърихӣ гувоҳӣ надодааст, ки давлатҳои антиқаи аҷдодӣ, яъне ҳамон суғдиёну бохтариёну портиён ва дигарон байни худ лашкаркашӣ карда бошанд. Онҳо дар фазои дӯстию ҳамдигаршиносӣ арзи вуҷуд доштанд, ки қобили писанди инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Имрӯз моро лозим аст, ки аз он дарси таърих насли ояндаи худро таълим диҳем. Аз қадимулайём гузаштагони насли тоҷик бо мақсади забту истилои ягон кишвар майлу таваҷҷуҳ накардаанд. Аммо дар муқобили юриши ғосибонаи аҷнабиён истодагариҳои сахте нишон медоданд. Фақат як амали меҳанҳифзкунии қабилаҳои массагетӣ таҳти пешбарии малика Томирис, ки ҷаҳонкушотарин шоҳи Ҳахоманишин Куруши Кабирро ба қатл расонида буданд, мавриди фахру меҳанпарастии ҷавонони мо мебошад. Ё шӯриши зидди дорюшии Фрадаро, ки соли 522 қабл аз милод дар Марвзамин сурат гирифта буд, қобили ифтихори мост. Ва ё қаҳрамониҳои содиркардаи Шеракро ба тамоми толибилмони мактаб чун як қиссаи таърихӣ нишон додан ҷоиз аст, ки ҷавонписаре ба хотири ба боварии истилогарон шомил гардидан намуди табиии худро захмгин карда, билохира ишонро ба даштҳои беобу тасфон бурда, ба марги безахм мунҷар кардааст. Воқеаҳои таърихие, ки ҷавонони моро ба дилсӯзию меҳрангезӣ мерасонанд, кам нестанд.

Фақат як давраи истилои кишвар аз тарафи Искандари Мақдунӣ ва қаҳрамониҳои Спитамен алайҳи ӯ бисёр лаҳзаҳоеро ба ҷавонон водор месозад, ки меҳани худро дӯст дошта бошанд. Яъне, ба гуфти У. Хайём “Таърих – робитаи байни мурдагону зиндагон ва ҳоло ба дунё наомадагон аст.”

Ин мантиқ водор месозад, ки зиндагон бояд аз тамоми таҷрибаи талху ширини гузаштагони худ огоҳ бошанд. Огоҳ бошанд ба хотире, ки дар ҳаёти имрӯзаи худу фардои наслашон покизагӣ андозанд. Аз ин лиҳоз дониши таърих ва фақат таърих метавонад ҷомеъаи ояндаи моро аз ҳар гуна нуқсу нокомӣ нигаҳ дорад.

Замоне буд, моро аз таҳқиқу дониши амиқи таърихи худ дур медоштанд. Ҳатто пешвотарин роҳбари ҳизбӣ ё давлатии кишвари мо ба ин масъала чашми дид намекард. Ин ҳамвора ба он буд, ки кадрҳои роҳбарикунандаи давлатӣ рӯй ба раванди “интернатсионалистӣ” мекарданду аз донистани таърихи аҷдодӣ чашм ба пӯш меандохтанд.

Ҳоло ҳам мо шукронаи он мекунем, ки аз даҳ як ҳиссаи хоки тоҷикзамин бошад ҳам, бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон кишваре дар харитаи сиёсии умумҷаҳонӣ ҷои хосеро ишғол дорад. Имрӯз, ки замони истиқлолияти давлатдорӣ моро насиб кардааст, ягона кореро кардан лозим аст, ки мардуми сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид бошанд, дар зери парчами давлат бо ҳам дӯсту бародар бошанд. Хиради худогоҳию худшиносӣ дар чорчӯбаи меҳанпарастӣ ва боварии том ба авҷу рушди ҷомеаи оянда шиори мо бошад. Барои ба чунин мақсад ноил гаштан, омӯхтану донистани таърихи Ватан аз замонҳои қадим то давраи мо хеле кӯмак мерасонад. Аз ин хотир зарур аст, ки хондану донистани таърихи Ватан пешаи аҳли ҷомеа бошад. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат ба ҳар як оилаи Тоҷикистон тақдим карда шуд бояд дар сари мизи ҳар хонадони тоҷикистонӣ карор дошта бошад.

Олимов Д. Р.  – асистенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДҲБСТ    

You might also like