ДДҲБСТ: Мизи мудаввар дар мавзӯи “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Имрӯзҳо дар тамоми гӯшаву канори мамлакатамон ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатӣ чорабиниҳои мухталиф ботантана доир шуда истодааст.
Дар чорабиниҳо аз музаффариятҳои си соли соҳибистиқлолӣ ёдовар шудан ба он хотир аст, ки имрӯзҳо бояд тамоми мардуми кишвар, махсусан наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд. Дар ҳошияи чунин иқдом имрӯз дар Донишгоҳи давлатии хуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷкистон бо ташаббуси намояндагони КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти унвони “Саҳми бонувон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мизи мудаввар доир гардид.
Мудири шуъбаи занони КИМ ҲХДТ Гулнора Бобоева, декани факултети сиёсатшиносӣ ва МБ-и ДДҲБСТ Мунира Акмолова ва ассистенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии ДДҲБСТ Мунзифа Пулотова роҷеъ ба дастовардҳои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, бахусус соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба таври муфассал маърӯза намуданд.
Сипас, байни бонувони фаъолу собиқадор Назира Ғаффорӣ, Ҳамро Атоева, Матлюба Муинова ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар маърӯзаҳову музокирот доир ба саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими истиқлолу озодӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Сарвари давлат, санадҳои меъёрию ҳуқуқии қабулнамудаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати дастгирии занону бонувон, пешоҳангии занону бонувон ба хотири шукуфоии Ватан, омилҳои таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва расидан ба ин рӯзҳои босаодат сухан рафт.
Гуфта шуд, ки зикри дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ илҳомбахши буда, барои густариши фаъолияти минбаъдаи ҳар як фарди меҳанпараст бахусус, занону бонувон мусоидат хоҳад кард.
Дар ҷамъбасти чорабинӣ муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Мадина Салимзода ба Раиси ташилоти ибтидоии “Сомон”, ректори донишгоҳ профессор Муъмин Шарифзода барои фароҳам овардани шароити мусоид дар баргузории чорабинӣ аризи сипос баён намуд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа






