Ваҳдати миллӣ – асоси пойдории давлати соҳибистиқлол

Шукри оромиву суботи ҷомеаро ба ҷо оварда,  мардумро ба меҳнати созанда дилгарм ва сафарбар сохтан,  роҳҳои ислоҳи нуқсу камбудиҳои ҷомеаро беғаразона ва муттаҳидона пайдо намудан ва ба таҳкими дастовардҳо кўшиш кардан имрўз вазифа ва қарзи ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ва ҳамаи онҳое мебошад,  ки ояндаи Ватан,  обрўи давлати Тоҷикистон ва тақдири миллат барояшон азиз аст.

Бар ҳақ оромию суботи ҷомеаро дида шукр мегўем, ки ба чунин рўзҳои нек расидем ва бигзор он ҳодисаҳои рухдода танҳо дар хотир ва дар саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик боқи монаду халос.

Имрўзҳо дар тамоми гушаю канори ҷумҳуриамон омодагӣ ба ҷашнгирии 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ рафта истодааст. Ва дар ҳақиқат ин рўз яке аз рўзҳои хотирмон ва тақдирсози халқу миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Мо хато намекунем агар гўем, ки ин рўзест, ки миллати тоҷик худро аз несту нобудшавӣ нигоҳ дошт.

Мутаъсифона қадамҳои аввалини истиқлолият бо ҷанги хонумонсӯз оғоз гардид, ки он яксаду панҷоҳ ҳазор кушта, 1 миллион гуреза ва беш аз 10 миллиард зиён ба бор оварда буд.

Дар бораи ҷанги бародаркўш ва Ваҳдати миллӣ суханҳо бисёр гуфтаанд, навиштаанд ва дар оянда низ хоҳанд гуфт ва навишт. Лек боз ҳар сол дар рўзи ҷашнгирии ин рўзи умед он ҷароҳатҳое, ки миллати мо аз ин ҷанги хонумонсўз гирифта буд пеши назар меояд. Ва хоҳ но хоҳ ҳар як он шахсе, ки даҳшати ҷангро дида буд онро пеши назар меорад.

Бо вуҷуди хурд буданам бисёр чизҳо ва лаҳзаҳо дар хотирам нақш бастаанд, ки ҳеҷ фаромўш карда наметавонам. Ба хусус ҳангоми тамошои оинаи нилгун. Хуб дар ёд дорам, ки дар оинаи нилгун қариб, ки ҳар шаб дар бораи марги касе гап мезаданд («ёдбуд») ва ё ҷасади ба таври ваҳшиёна ба қатл расонидаи касеро нишон медоданд.

Имрўз чи ҳангоми тамошои оинаи нилгун мо ин ҳодисаҳоро мебинем, ки дар дигар давлатҳо рух дода истодаанд.  Ба худ суол дода боз онро худам ҷавоб мегардонам магар ҷанги бародаркўш дар кишвари мо, дар Афғонистон намуна шуда наметавонад, ки боз дигар давлатҳо ин хатоиҳоро такрор мекунанд. Бахусус вақте, ки ҳодисаҳои дар Ҷумҳурии Афғонистон рухдодаистодаро тамошо мекунам. Қариб, ки айнан мисли ҷанги шаҳрвандии мо дар он ҷо низ ҷанги шаҳрвандӣ давом дорад ва ҳеҷ кас наметавонад пешгўи кунанд, ки оқибати ин давлат чӣ мешавад.

Имрўзҳо ба кўдакон ва ҷавонон менигарам ва рости ба онҳо ҳасуд мебарам, чунки кўдакӣ ва ҷавонии худро дар муҳити тинҷу ором мегузаронанд. Давлат барои онҳо ҳама шароитҳоро фароҳам овардааст то ки онҳо дар муҳити солим тарбия ёфта шахсони комил шаванд.

Лекин дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ пиру ҷавон, зану мард ва кўдакон танҳо дар фикри нон будану орзўи тинҷию амониро мекарданд. Бахусус барои кўдакон хело шароити вазнин буд. Бо вуҷуди кор кардани мактаб бисёриҳо шароити мактаб рафтан надоштанд. Ҳатто одитарин лавозимоти хониш дафтару қалам набуд. Баъзеҳо дар вақти гармӣ пои луч ба мактаб меомад. Беморхонаҳо ба таври бояду шояд кор намекарданд. Бинобар ин бисёре аз беморонро дар шароити хона табобат мекарданд, ки гоҳе бо оқибатҳои нохуш ба анҷом мерасид ин табобат. Одамон имконияти ба беморхонаҳои маркази шаҳр рафтанро ҳам аз шароити модӣ ва ҳам аз лиҳози бехатарӣ надоштанд. Дар чунин шароит зуд-зуд ҳаргуна бемориҳои сироятӣ пайдо мешуданд, ки ҷони чандин нафаронро аз байн мебурданд.

Якчандрўз баъд Иди армазон мешавад ва чун анъана кўдакон дар даст халтача гирифта хона ба хона мегарданд ва одамон ба онҳо ҳар гуна шириниҳо медиҳанд. Айнан чунин амалро дар раванди ҷанги шаҳрвандӣ як қисми кўдакон ҳар рўз мекарданд. Лекин онҳо ба ид намерафтанд балки ба гадоӣ мерафтанд. Бо вуҷуди он, ки ҷисман кўдак будан, лекин ботинан алакай одамони калон буданд ва барои гузаронидани рўзгор ба падару модари худ бо ин восита кўмак мекарданд.

Имрўзҳо қариб ҳар рўзҳои истироҳат мо овози базму шодиро мешунавем. Дар он айём мо дар бисёре ҳолатҳо овози тирпарониро мешунидем.

Хушбахтона ҳамаи ин рўзҳои даҳшатовар паси сар шуданд ва рўзҳои хуш дар пеш аст.

Шароити имрўзаи зиндагии мардуми мо мумкин ба дараҷаи баланд нарасида бошад, лекин аз ин ғамгин шудан даркор нест. Чунки тинҷию амонӣ, ваҳдату якдилӣ, якдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар бошад мо ба ҳама чиз мерасем. Зиндагиамонро аз ин ҳам хубтару беҳтар мекунем.

Навореро тавассути оинаи нилгун аз давлати Сирия нишон доданд, ки аз як мард дар назди биноҳои харобгашта қарор дошта пурсон шуданд, ки оиди вазъият чи гуфта метавонад. Он мард гуфт: «Барои мо танҳо сулҳу субот лозим аст. Ҳамаи ин харобиҳое, ки шумо дар навор мебиненд агар сулҳу субот барқарор шавад мо дар як мудати кутоҳ онҳоро барқарор мекунем».  Ва дар ҳақиқат низ ҳамин хел аст. Мо низ ин рўзҳоро аз сар гузаронидем ва имрўз нишони он харобиҳо танҳо дар ёдў аксу наворҳои ҳамон замон мондаасту халос.

Дар охир суханҳои президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро меорем, ки дар ин маврид чунин гуфтаанд:

«Ба иловаи ин,  таҳдидҳои наве,  ки торафт миқёс ва хислати глобалӣ пайдо карда истодаанд,  пеш аз ҳама терроризми байналхалқӣ,  экстремизм бо шаклҳои мухталифи он,  қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ миллионҳо одамонро ба ташвишу тарс андохтаанд.

Дар чунин шароит вазифаи имониву муқаддаси ҳар як фарди бонангу номуси миллат – аз шаҳрванди оддӣ то корманди баландпояи мақомоти давлатӣ,  аз интихобкунандаи қаторӣ то аъзову вакили Парламент таблиғи бедории миллӣ,  зиракиву ҳушёрии сиёсӣ,  ҳисси баланди ифтихори ватандориву ватандўстӣ,  густариши ғояҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ ва муҳимтар аз ҳама,  таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад.

Такроран таъкид месозам,  ки ин вазифаи муқаддас ва қарзи фарзандии ҳар яки мо дар назди рўҳи поки бузургони гузаштаамон ва наслҳои ояндаи миллати тоҷдорамон мебошад”.

Давлатов У.Н. – ассистенти кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДДҲБСТ                                       

You might also like