ИСТИҚЛОЛИЯТ – ВОЛОТАРИН ВА ПУРАРЗИШТАРИН ДАСТОВАРДИ МИЛЛАТ
Тоҷикистони азиз дар замони бархўрди тамаддунҳо, дар арсаи олам мавқеву манзалати худро устувор менамояд, ки бори ин ҳимматро фарзандони фарзонааш ба дўш доранд. Пойдории сулҳу ваҳдат, рушди босуботи ҳамаи соҳаи ҳаёт бо эҳсосу рафтори ҷавонон иртиботи қавӣ дорад. Ин раванд натиҷаи соҳибистиқлоливу озодӣ буда, боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар аст. Таърихи бою куҳан ва интиҳои қарни сипаригардидаи кишварамон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар бар мегирад, ки ҳар кадоми он дар марҳалаи худ накши махсусе дорад.
Дар таърихи навин аз нигоҳи мо, волотарин дастовардамон соҳиб шудан ба истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ амалӣ гардид. Истиқлолият волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XVI аст, ки нахуст дар аминаи давлатҳои навтаъсиси Иттиҳоди Шўравӣ арзи ҳастӣ намуда, ҳамчу шакли давлатдории мутаммаддину пешрафта сабзид, ба камол расид ва ташаккул ёфт. Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутаммаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносибро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад. Понздаҳ соли таърихи навини давлат ва миллати мо давраи пурфоҷиа, солҳои ҳалли масъалаи будан ё набудани давлати Тоҷикистон, таъмини сулҳу субот, ризоият ва ваҳдати милли, марҳилаи омодасозии заминаҳои гузариш аз як низоми сиёсиву таҳкурсии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, давлатдории навини тоҷикон ва мустаҳкам намудани пояҳои он буданд.
Истиқлолияти давлати барои мо – тоҷикистониён ба осони ба даст наомад. Бо таъсири қувваҳои бадхоҳи дохилию хориҷӣ кишварамон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд, ки боиси қурбониҳои азими ҷони, талафот ва хисороти бузурги сиёси, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ гашта, пояҳо, рукнҳо ва асосҳои давлатдориро фалаҷ гардонид, қонуншикани ва бесарусомониҳоро дар мамлакат ба вуҷуд овард.
Дар чунин шароити душвор шаҳрвандони тамоми манотиқи кишвар, ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ба воситаи вакилони халқ дар мақоми олии намояндагии мамлакат масъулияти бузург ва беназири давлатдории хешро ба воситаи Шурои Оли ифода сохта, ба он ноил гардиданд, ки баҳри барқарор намудани асосҳои давлатдори ва таъмини қонуният, сулҳ ва ризоияти милли, 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хучандӣ бостони Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумхурии Точикистон (даъвати дувоздахум) баргузор гардид. Дар он вақт Шурои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон тамоми масъулиятро дар назди таърих, халқу Ватан ва ҷомеаи чахонӣ ба душ гирифта, самти тараққиёти онро дар Иҷлосияи XVI муайян кард. Шўрои Оли роҳбарияти нави мамлакатро таҳти сарварии Эмомалӣ Рахмон интихоб намуд. Халқи Тоҷикистон дар марҳилаи наву тақдирсоз симои роҳбари худро дар шахсияте медид, ки он бевосита аз байни халқ баромада ва барои халқ дар шароити гузариш фаъолияти пурмасъулиятро ба душ гирифта метавонад. Эмомалӣ Рахмон ҳамчун вакили халқ, ки дар байни зиёда аз даҳ номзад интихоб гардида буд, ҳамеша ба ростгўи, хақиқатҷуи, серталаби нисбат ба худ ва дигарон дар ҳамаи иҷлосияҳои Шўрои Оли нақши аввалиндараҷа мебозад. Ў савганд ёд намуда гуфт: «… кори худро аз сулх сар хохам кард… Ман тарафдори давлати демократи ва хуқуқбунёд мебошам. Мо хама бояд ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…» Ин садоқату самимиятро дар ҷараёни хидматхояш дар назди халқу Ватан муҳтарам Эмомалӣ Рахмон бараъло собит намуда истодаанд.
Маҳз Пешвои миллат ҳамчун Раиси Шўрои Олии Чумхурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат барномаи мукаммали аз буҳрони сиёсӣ, иктисодӣ, фархангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт. Вақт ва таҷрибаи таърихии давраи истиқлолият исбот намуданд, ки рохи муайянкарда ва пешгирифта Сарвари давлат алтернативаи дигар надошт. Таърихи давлатдории навини Тоҷикистон собит сохт, ки мардуми кишвар дорои қувваи солим ва тавоноест, ки пеши роҳи хамагуна моҷароҷўиро гирифта метавонад ва обрўву нуфузи кишварро дар арсаи байналмиллали собит ва ҳифз менамояд. Аз нигоҳи имрўза ва оянда бо ифтихор бояд таъқид кард, ки суханрониҳо ва фаъолияти амалии Эмомалӣ Рахмон дар ин Иҷлосия ба қалби мардуми кишвар роҳ ёфта, яке аз асосҳои боварии халқ ба Сарвари давлат ва роҳбарияти нави мамлакат гардиданд.
Имрўз, бояд махсусан таъкид намуд, ки муваффақ шудан ба ризоияти миллӣ ва сулҳу ваҳдат идомаи мантиқии сиёсати Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва талошҳои Эмомалӣ Рахмон дар ин рох аст. Рохбарии хирадмандона, самимияти беназари инсонӣ, руҳи ватанпарастӣ, ҳамкории пурсамар дар фазои ҳамдигарфаҳми, ташкил намудани фаъолияти судманди рукнҳои ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои ғайриҳукуматию ҳаракатхои мардуми ва ҳизбҳои сиёсӣ, эътиқоди мардуми диёр, аз чумла гурўҳҳои мухталифи сиёси нисбат ба Сарвари давлат аз омилҳои буданд, ки ба амали гардонидани нақшаҳои асоси мусоидат намуданд. Кўшишҳои пайвастаи Сарвари давлат ва ҳамчунин заковати мардуми бономусу бофарҳангамон натиҷаҳои дилхоҳ доданд ва ниҳоят 27- июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулх ва ризоияти милли ба имзо расид. Истиқлолияти Тоҷикистон барои таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъйин намудани самти ҷараёни инкишофи ҷомеа дар солҳои баъдӣ ва пайгирӣ намудан аз принсипҳои талаботи бунёди ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва хқуқубунёду ягона асос ва заминаи воқеӣ ба вучуд овард. Ҳамин тавр, хизмати таърихии Эмомалӣ Рахмон дар тахкими ҳоқимияти давлатӣ ва истиқлолияти Миллӣ аз он иборат аст, ки маҳз ў ихтиёри давлатдориро даст оварда, пеши роҳи хатари нобудии онро гирифт, оташи ҷанги дохилиро хомўш намуд, сохтори фалачгардидаи ҳокимият, хусусан мақомоти ҳифзи хуқуқро барқарор сохт. Артиши миллӣ ва нерўҳои посбони сарҳадро таъсис дод, барои таъкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуд, заминаи сулҳи миллиро матрах кард, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонид, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузошт, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардонид.
Ҷаборов Ғ.Н. – муаллими калони кафедраи кори бонкии ДДҲБСТ