ДДҲБСТ: Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи дониш
01 сентябри соли 2021 саҳни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон идгоҳеро мемонд. Зеро соли нави таҳсил дар ин муассисаи бонуфузи касбии олӣ бо рӯҳияи баланд оғоз гардид. Дар чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода иштирок ва номаҳои шодбошии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро ба самъи иштирокчиён расониданд.
Ректори донишгоҳ, профессор Муъмин Шарифзода меҳмононро шодбош намуда, иброз дошт: басо рамзист, ки имсол дар фазои бошукўҳи идона, ифтихор аз музаффариятҳои паёпай, рушди бемайлони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат, омодагиҳои рўҳафзо ва фараҳмандӣ аз корҳои созандагию бунёдкорӣ ба хотири истиқболи ҷашни сазовори 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, соли нави таҳсили 2021-2022 оғоз меёбад. Илова шуд, ки барои миллати тамаддунофари тоҷик истиқлолу озодӣ ва хираду маърифат падидаи бемисли таърихӣ, калиди саодат, шукуфоии ҳаёти имрўзу фардост. Маҳз бо шарофати соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат соҳаи илму маорифи кишвар ҳамчун захираи стратегии инкишофи зеҳнӣ ва омили муҳимтарини таҳкими давлатдорӣ эълон гардида, рисолати таърихии донишгоҳи мо низ мақому манзалати шоиста касб намуд. Аз файзи истиқлолу озодӣ имрӯз донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои бонуфузи соҳаи маориф ва илми кишвар табдил ёфта, бо умеди тоза ҷониби оянда қадамҳои боэътимод мегузорад. Инак, дар тӯли 28 соли мавҷудияташ донишгоҳ зиёда аз 16 ҳазор нафар мутахассисони соҳибтахассус ва ҷавобгӯй ба талаботи бозори меҳнатро омода намуд. Бо ҳисси баланди масъулият ифои вазифа намудани хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат боиси ифтихору сарфарозист. Соҳиби шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ гардидани ихтисосҳои донишгоҳ, таъсиси Шӯрои диссертатсионӣ, ташаккули доираи пажӯҳишот ва инфрасохтори инноватсионии донишгоҳ, густариши фаъолияти байналмилалӣ, таъсиси марказҳои таълимию тадқиқотӣ, ташкили факултети муштарак, ғолибияти донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналмилалию минтақавӣ, вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ музаффариятҳои донишгоҳ аст, ки аз нурафшонии хуршеди соҳибистиқлолӣ ва бо нияту мақсадҳои нек ба роҳ мондани фаъолияти босамари ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ ба даст омаданд.
Воқеан, даврони Истиқлол дар пешорўи макотиби таҳсилоти олии касбӣ на танҳо уфуқҳои нави рушду такомулро боз намуд, ҳамчунин, вазифаи басо пурмасъулият – парвариши мутахассисони варзидаи худогоҳу худшиносро низ гузошт. Ҳидоятҳои созандаи Роҳбарияти олии мамлакат барои саодати маънавии насли толеъбаланди даврони истиқлол равона гардида, дар ботини ҷавонон – мутахассисони оянда хислату хусусиятҳоеро тарбия менамояд, ки онҳо ифодагари арзишҳои умумимиллӣ ва умумибашарӣ ҳастанд, илова гардид дар чорабинӣ.
Роҳандозии сиёсати воқеан созандаи Сарвари давлатамон дар соҳаи илму маориф боиси дарёфт ва эҷоди муносибатҳои сифатан нав дар зинаҳои таҳсилот гардида, дастовардҳои соҳаи илму маориф, бахусус музаффариятҳои дирӯзу имрӯзи донишгоҳ аз файзи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ мегарад.
Ҳамчунин, чанде аз устодону донишҷӯён болидагии хешро аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва фароҳам гардидани шароити хуби илму таҳсил дар донишгоҳ баён намуданд.
Шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеа





