Агарчӣ ақли солим дошта бошед…
Оё фурсати он нарасидааст, ки шумоён ба таҳаввулоту табаддулоти ҷаҳони муосиру даргириҳои давлатҳои алоҳида бо чашми хирад як назар кунед. Шукргузори он бошед, ки байни қитъаҳои пурихтилофу фитаангезиҳои гурӯҳҳои тундрави дунёи имрӯза дар Ватани мо сулҳу салоҳ ва оромӣ бо саъйю талошҳои чандинсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмин карда шудааст.
Агар бо дидаи воқеъбинона назар кунед амали носипосонаи ТЭТ ҲНИ ҳатто байни худи мусулмонон тафриқаандозӣ намуда буд ва андешаҳои солиме ба миён омаданд, ки дини мубини ислом ин худ шабеҳи ҳизб аст, боз дар дохили он ҳизби дигаре ташкил намудан зарурият надорад.
Агар ба сарнавиши гузаштаи начандон дури халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ назар афканед, муқобилияти синфҳои афтондашударо пас аз Инқилоби Октябр ҳеҷ як давлату ҳизбу ташкилот дастгирӣ накарда буд, оқибат онҳо ба тақдири хеш тан дода, зиндагии ояндаашонро тарҳрезӣ намудаанд. Имрӯзҳо шуморо баъзе аз манфиатхощони ифротӣ ҷой додаву ба иғвоангезӣ «маслиҳатҳои дӯстона» дода, гӯё ба оташи кайҳо хомӯшшуда боз равған мерезад, фардо чӣ мешавад, худ намедонед.
Дар яке аз ҳадисҳои Паёмбарамон низ омадааст, ки гар мусулмоне ҳатто гуноҳи азиме содир кунад, вай ба кардааш иқрор шуда, аз издиҳоми мусулмонон сидқан узр пурсад, онро қабул намуда боз аз пасаш дар як саф намоз гузоштан мумкин аст.
Бинобар ин хирадмандон дар мавриде ишораи ҷолиб намудаанд, ки ҳақире дар ватан мирад, амир аст, ҳаёти фарзандону падару модар, хешутаборон, қадру қимати нону намак ва хонаву дари падару бобоию хоки ватани аҷдодонро бори дигар андеша намоед.
Ҳайати омӯзгорону профессорони факултети молияи ДДҲБСТ