Соли хонишро бо дастовард пешвоз мегирем
Ду нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҷалолиддин Шодиев–донишҷӯи соли чорум ва Фарҳодҷон Ҷумаев–донишҷӯи соли сеюм, ки ҳарду аз факултети баҳисобгирӣ ва андоз мебошанд дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа”, ки аз ҷониби Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардидааст, иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Озмуни мазкур ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, инчунин ҳавасманд намудан ва дар маҷмуъ баланд бардоштани фарҳанги андози насли наврас, донишҷӯён, шаҳрвандон ва соҳибкорон гузаронида шуд.
Донишҷӯёни ДДҲБСТ дар номинатсияи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки 50 нафар иштирок намуданд, сазовори мақоми якум ва дуюм гардида бо дипломҳои дараҷаи I ва II, инчунин ноутбук ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Ғолибони даври вилоятӣ дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа”, ки моҳи октябр дар назар аст, ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки дар номинатсияҳои дигари озмун насли наврас, соҳибкорону шаҳрвандон ширкат намуданд.
Раёсати донишгоҳ донишҷӯён-ғолибони даври вилоятии озмуни мазкурро ҷиҳати иштирок ва ғолибият дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Маданияти андозсупорӣ – баҳои бофарҳангии ҷомеа” барору комёбиҳо орзу дорад.


