Ваксинатсия ягона роҳи пешгирӣ аз COVID-19

Тавре мутахассисони соҳаи тандурустӣ таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19-ин гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад.

Бо назардошти ин давоми ду рӯз мешавад, ки кормандону устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ваксинатсия фаро гирифта шуда истодаанд. Бо ташаббуси раёсати донишгоҳ табибон аз марказҳои саломатӣ ҷалб гардида, то ҳол беш аз 200 нафар кормандону устодони донишгоҳ ваксина гирифта, фарогирӣ ба ваксина дар донишгоҳ муташаккилона идома дорад.

Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо сокинони мамлакат бо як масъулияти баланд баҳри ҳифзи саломатии худ ва наздиконашон ба муассисаҳои тандурустии маҳалли зисти хеш муроҷиат намуда, ваксинаи  зидди ин беморӣ гирифта истодаанд. Бо мақсади  пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи ваксинатсия бар зидди бемории COVID-19 дар миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло дар мамлакат идома дорад.

Танҳо бо гирифтани ваксина  ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба бемории мазкур эмин нигоҳ дорем.

 

You might also like