Маросими дипломсупорӣ дар ДДҲБСТ

02 августи соли 2021 дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони соли таҳсили 2020-2021 доир гардид. Дар ибтидо, ректори донишгоҳ хатмкунандагонро барои хатми бомуваффақияти донишгоҳ ва соҳиби диплом гардидан шодбош намуд. Иброз гардид, боиси ифтихор аст, ки Пешвои миллат дар беҳтарсозии шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тамоми кӯшишу талошҳоро равона намуда, баҳри баландихтисос гардидани кормандон, афзудани сафи олимони ҷавон ва донишу малакаи касбии кормандони соҳаи маориф чораҳои зарурӣ меандешанд. Илова шуд, боиси сарбаландист, ки хаткардагони донишгоҳ дар Вазорату кумитаҳои давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту созмонҳои байналҳалқӣ, корхонаҳои истеҳмоливу тиҷоратӣ фаъолият бурда, дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат ва берун аз он саҳм мегузоранд.
Соли таҳсили 2020-2021 беш аз 1400 нафар донишҷӯён донишгоҳро аз рӯи зинаҳои бакалавр, мутахассис ва магистартура хатм карданд, ки аз ин миқдор 60 нафари онҳо соҳиби дипломи аъло гардиданд. Дар вазъияти тантанавӣ ба хатмкунандагон дипломҳо тақдим карда шуд.
Бештари дипломгирифтагон дар раванди таҳсил ба муваффақиятҳои беназир аз ҷумла ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол” ғолибони олимпиадаи байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, гирандагони ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сипосномаи Раиси вилояти Суғд, иштирокчии фаъоли конференсия, ҳамоишу форумҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ, гирандагони стипендияҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси вилояти Суғд, Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Раиси шаҳри Хуҷанд ва стипендияи раёсати донишгоҳ, ҷоизадори медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии чемпионати ҷаҳон оид ба намудҳои гуногуни варзишӣ, Чемпиони Осиё, Чемпиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиш ва ғайраҳо буданд.
Дастоварди хатмкунандагон дар муаррифии донишгоҳ дар миқёси ҷумҳурӣ ва байналмилалӣ бо кушишу ғайрат ва дастоварду нишондод саҳм гирифтани онҳо дар мутобиқгардонии сатҳу сифати таҳсилот ба меъёрҳои байналмилалӣ назаррас арзёбӣ мешавад.
Пас аз соҳиб гардидани диплом чанде аз хатмкунандагон ба раҳбарияти донишгоҳ ва устодони худ изҳори миннатдорӣ баён карда, иброз доштанд, ки бо фаъолияти содиқонаву софдилона дар рушду нумӯи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамлакат саҳмашонро мегузоранд.
Раёсати донишгоҳ ба ҳамаи хатмкунандагон дар фаъолияташон муваффақияту комёбӣ орзу намуда, итминон дорад, ки мутахассисони соҳибдиплом бо донишу малака ва таҷрибаи андӯхтаашон бо рисолати баланди касбӣ фаъолият намуда, дар рушду нумӯи мамлакатамон саҳм хоҳанд гузошт.

You might also like