Ақидаҳои роҳбари ТЭТ ҲНИ беасосу фитнаангезанд
Ҳангоми таҳлили як қатор сарчашмаҳо маълум намудан мумкин аст, ки дар айни ҳол хусусан бо баробари тезу тунд гаштани раванди глобализатсионӣ инчунин рӯбарӯшавии тамоми мамлакат бо ин тамоюл, алалхусус Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонад ба он оварда расонад, ки хусусан тамоюли истифодаи шабакаи глобалии Интернет низ аз ҷониби як қатор шахсони манфур ва Худозада бо мақсадҳои ғаразнок афзун гашт. Ба сифати мисол хусусан роҳбари ТЭТ ҲНИ ва лагандбардорону тарафдоронро овардан мумкин аст.
Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, ин ҳизб тақрибан охири моҳи август ва ниммаи моҳи сентябр ҳамчун ҳизби хусусияти террористӣ-экстремистидошта эълон шуда, аз ҷониби Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти он манъ карда шуда буд. Дар ҳамон марҳила баъзе аз лагандбардорони ин ҳизб аз ҷониби кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамкорӣ бо дигар мақомотҳои дахлдори давлатӣ боздошт карда шуд. Вале роҳбари он, ки ӯ шахси ватанфурӯшу барои манфиатҳои шахсӣ ҳатто виҷдони худро ба хоҷагони хориҷии худ фурӯхта буд, аз мамлакат гурехта рафт.
Айни ҳол бошад, худро ҳамчун ғамхори мардум ва тарафдори сулҳу осудагии онҳо намудор намуда, тавассути ҳама гунна шабакаҳои иҷтимоӣ кӯшиш карда истодааст, ки гарчанд худ шахси разил, нотавон ва ватанфурӯш бошад ҳам, халқи оддиро бар зидди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти он равона намояд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки Кабирӣ ва думравони ӯ аз хоҷагони хориҷии худ маблағҳои ҳангуфтро зери ливои “бунёд ва рушду нумӯи демократия дар Тоҷикистон” ба даст меоранд. Ин амали Кабирӣ низ барои “ҳалол” намудани ин маблағҳо дар назди хоҷагонаш мебошад. Ҳол он, ки қисми зиёди ин маблағҳоро ӯ бо авлоди худ дар кишварҳои Аврупо барои тиҷорат сарф намуда, аз ҳисоби даромад ва фоидаи он барои худ қасру кӯшкҳо ва автомобилҳои хориҷии қиматтаринро харида истодаанд.
Табиист, ки шаҳрвандони соҳибақл ва бошууру равшанфикри тоҷикро ин дасисакориҳои ТЭТ ҲНИТ бетараф гузошта наметованд. Вақте, онҳо ба ин амалҳои нотавонбинии онҳо дар саҳифаҳои интернетӣ ҷавобҳои босазо медиҳанд, “фермаи саволу ҷавоб”-и Кабирӣ дарҳол ба дашному ҳақорат ва бадгӯи мегузаранд. Худи Кабирӣ дар барномаи ташкилнамудаи худ қайд намуд, ки ӯ “фабрикаи ҷавоб” надорад. Аммо ин фикри баённамудааш дурӯғи навбатии ӯст! Илова бар ин, Кабирӣ ҳамеша худ ва ҳаммаслаконашро ҳамчун шахсони соҳибмаърифт ва зиёӣ эълон медорад. Аммо дар асл бошад, онқадар бадзабону бадгуфтор ҳастанд, ки бесаводтарин шахс аз шунидани дашному ҳақорати онҳо дар ҳайрат меафтад. Ин гуфтаҳо бори дигар аз дурӯғгуии Кабирӣ ва пайравони ӯ гувоҳӣ медиҳад.
Ҳамаи гуфтаҳои Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ, ки аз аз баромадҳои онҳо бармеояд беасосу пуч мебошанд. Дар баромадҳои худ ин шахси муфтхӯр ва худозада худро ҳамчун шахси соҳибтахассус (ҳам сиёсатмадор ва ҳам иқтисодчӣ) намудор намуданӣ шудааст, вале ӯ нисбати бӯҳрони иқтисодӣ ва инчунин сохтори буҷети мамлакат тасаввуроте надорад. Инро бо асоснок намудан мумкин аст, ки ӯ аҳолии мамлакат, ки дар дохил ҳастанд, ҳамаи онҳоро ба пиронсолону тифлон дохил намудааст, ки ин ғалат аст, зеро ӯ аз омори солонаи расмии Агентии омории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабардор нест ва аз ӯҳдаи истифодаи он низ намебарояд. Инчунин дар баъзе суханҳояш Пешвои миллатамонро ба шахси номувофиқ тимсол карда истодааст, ки ин низ ғалат мебошад, зеро шахсе ки дорои маълумоти олӣ асту вазъи ҳолатро дуруст баҳогузорӣ карда метавонад, аз заҳмату меҳнат ва талошу фидокориҳои Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити хуб барои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодат пайдо карда метавонад.
Бо ба ҳисоб гирифтани гуфтаҳои болоӣ ва таҳлили вазъи воқеъии ҳолат, бо хубӣ дарк намуда, иброз доштан мумкин аст, ки мо фарзандони соҳибмаърифат ва ватандӯст набояд ба суханони чунин шахсони манфур ва косалес бовар намоем, балки барои таъмини сулҳу субот ва фароҳам овардани шароит барои ҳаёти осоиштаи аҳолӣ ба сарвари мамлакатамон мусоидаткор бошем.
Қосимов З. – ассистенти кафедраи хадамоти гумруки ДДҲБСТ