Пешвои миллат – яке аз мусалмонони бонуфузи ҷаҳони муосир
Дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди дини ислом хеле барҷаста мебошанд. Дар солҳои истиқлолият дар мамлакат беш аз 4000 масҷиди панҷвақта ва ҷомеъ, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам, кумитаҳои дин таъсис ёфта, ба фаъолият шуруъ карданд. Инчунин қабули Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» (2009), нашри асарҳои сершумори илмӣ ва динӣ доир ба ислом, фароҳам овардани шароити мувофиқ барои зиёрати Ҳаҷ ва ғайра барои таҳкими дини мубини ислом равона карда шудаанд.
Бо ташаббус ва дастгирии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон китоби муқаддаси дини ислом Қуръони Карим соли 2009 ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор гардид. Дар ин хусус Пешвои миллат чунин иброз доштанд: “Ман бовар дорам, ки ҳар хонандаи хушзеҳни точик баъди мутолиаи Қуръони Мачид худаш фарқи сиёҳу сафед ва гуноҳу савобро мефаҳмад ва фармудаҳои Аллоҳ таолоро раҳнамои зиндагиву фаъолияти ҳаррўзаи худ қарор дода, ба роҳи хайр равона мегардад.
Бигзор китоби муқаддаси Қуръон ба забони модарӣ ба ҳар як шаҳрванди точик дастрас шуда, барои дарки мероси гузашта, суннатҳои қадима ва расму оинҳои ачдодии мо ёварӣ намояд, барои парвариши ақлу басират, ахлоқу одоби нек ва хислатҳои начиби инсонӣ раҳнамоӣ кунад”.
Бо иқдом ва имдоди Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, масҷиди ҷомеъ ба номи Абуҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар Душанбе бунёд шуд, ки он аз ҷиҳати масоҳат бузургтарин ибодатгоҳ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад. Ин масҷид метавонад дар як вақт 180.000 намозгузорро ҷой диҳад. Барои сохтмони ин масҷид 100 миллион доллар (маблағгузории якҷоя бо давлати Қатар) сарф шудааст.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон панҷ маротиба зиёрати Ҳаҷро ба анҷом расонида (солҳои 1997, 2001, 2005, 2016, 2023), ҳамроҳи шоҳи Арабистони Саудӣ ба дохили хонаи муқаддас – Каъба се маротиба (моҳи декабри соли 2005, моҳи январи 2016, моҳи июли 2023) ворид шуданд. Дар ҳамаи зиёратҳои худ, сарвари мамлакат дар ҳаққи меҳани мо ва мардуми он дуо карданд.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат соли 2009 “Соли бузургдошти Имоми Аъзам” эълон гардид. Маҳз, бо кумаки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Симпозиуми байналмилалии «Имоми Аъзам ва ҷаҳони муосир» санаҳои 5-6 октябри соли 2009 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд ва дар он беш аз 500 нафар меҳмони олиқадр аз давлатҳои хориҷӣ ширкат варзиданд.
Дар Тоҷикистон чун мамлакатҳои дигари мусулмонӣ, идҳои исломӣ Фитр ва Қурбон ҷашн гирифта шуда, рузҳои истироҳат эълон гардидаанд. Ҳамасола Пешвои миллат мардуми кишварро бо ин идҳои исломӣ тавассути ВАО самимона табрику таҳният менамоянд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикии худ бахшида ба таҷлили Иди Рамазон соли 2009 чунин иброз кардаанд:
«Имрӯз аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар буда, дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо идҳои мубораки Рамазон ва Қурбон дар радифи ҷашнҳои бузурги милливу давлатиамон – Рӯзи истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Конститутсияи мамлакат ва Наврӯз таҷлил карда мешаванд».
Маркази шоҳии тадқиқоти стратегии исломӣ дар Аммон рӯйхати 500 мусалмони бонуфузтарини ҷаҳонро нашр кард (The 500 Most Influential Muslims), ки ин феҳрист аз соли 2009 мунташир мешавад. Ин руйхатро Маркази шоҳии исломии тадқиқоти стратегӣ дар Аммон якҷоя бо Маркази тафоҳуми мусалмонон ва масеҳиён дар Ҷорҷтауни ИМА тартиб додааст. Дабири ин феҳрист профессор Абдулло Шлайфер иттилоъ додааст, 500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон аз миёни уламои исломӣ ва раҳбарони давлатҳое, ки дар эътиқод ва андешаҳои мусалмонон асар гузоштаанд ва ё барои беҳбуди вазъи иқтисодию иҷтимоии онҳо хидмат кардаанд, ҳар сол интихоб мешаванд.
Дар соли 2021, ба феҳристи «500 мусалмони бонуфузи ҷаҳон», Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори шашум (солҳои 2012, 2016, 2017, 2019, 2020 низ ворид шуда буданд) шомил шуданд. Ба андешаи коршиносони умури сиёсию иҷтимоӣ мавқеи Эмомалӣ Раҳмон дар дифоъи арзишҳои дини ислом дар анҷуманҳои байналмилалӣ, таҷлили 1310-умин солгарди Имоми Аъзам дар сатҳи ҷаҳонӣ ва дигар хидматҳои сазовор боиси маъруфият ва маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмон дар олами ислом гардиданд.
Ҳамин тариқ, таҳти сарварии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои истиқлолият ба эҳё ва густариши ислом дар Тоҷикистон таваҷҷӯҳи баланд зоҳир гардида, дар ин самт пешравӣ ва дигаргуниҳои қатӣ ба вуқуъ омаданд.
Дини мубини ислом беш аз ҳазор сол манбаъ ва заминаи ҳаёти маънавии аҷдодони мо буд. Дар зери ислом мутафаккирони форсу тоҷик мероси нодири илмии худро боқӣ гузоштанд, ки то имруз аҳамияти оламшумул дорад. Заҳмати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва устуворсозии дини ислом беназир буда, онро “идомаи фарҳанги исломии ниёгон” номидан шоиста аст.
Пешвои миллат дар бобати дини ислом ҳикматҳои зиёд гуфтаанд, ки он ҳама ба тарбияи хулқи нек ва тарғибу ташвиқи накукорӣ дар ҷомеа равона шудаанд.
Қуръони Маҷид ва ҳадисҳои Паёмбар (с) ҳамчун сарчашмаи бузурги фарҳангию ахлоқӣ барои муттаҳид сохтан, ба корҳои нек ва ободию созандагӣ сафарбар намудани мардум дорои нерўи азими гуманистӣ мебошанд.
***
Дини ислом таблиғгари мактаби одамият аст. Асоси зербинои дини мубини исломро шинохти илоҳӣ ва инсони ташкил медиҳад.
***
Фарҳанги ғановатманди исломӣ дар тарбияи ахлоқи ҷомеа, ташаккул ва такомули худшиносиву худогоҳии халқу миллатҳои гуногуни дунё, аз ҷумла сарзамини мо нақши барҷаста дорад.
***
Ислом адаб ва панду насиҳат аст. Вазифаи муқаддаси мусулмонон аз он иборат аст, ки дар тарбияи ахлоқи ҳамидаи ҷомеа ҳамаҷониба саҳм гиранд.
***
Ҳамаи динҳо, аз ҷумла дини мубини ислом низ мардуми ҷаҳонро ба ваҳдат, иттиҳоду бародарӣ, шафқату тараҳҳум ва муҳаббату дўстӣ даъват менамоянд.
***
Қуръони Карим ва ҳадисҳои Паёмбар (с) доимо мардумро ба хайру сахо, гирифтани дасти ятимону барҷомондагон ва мўҳтоҷон даъват менамояд.
***
Зимнан дини мубини ислом ҳамчун манбаи муҳими фарҳангию ахлоқи барои муттаҳид сохтан ва ба кори хайр, аз қабили ободию созандагӣ, сафарбар намудани омма нерўи тавоноест.
***
Дини ислом ҳамеша ҳомии сулҳу субот ва осоишу оромишу на танҳо мардуми мусулмон, балки ҷомеаи башарӣ буда, пайваста дўстиву рафоқат, бародариву баробарӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат ва одамияту инсонпарвариро талқин менамояд.
***
Бешак дин таблиғгари одамияту инсондўстӣ буда, бояд ғояҳои олии фарҳанги исломӣ барои беҳдошт ва рушди ҷомеа равона карда шавад.
***
Мо хуб медонем, ки тамаддуни исломӣ меъёрҳо ва ниҳодҳои иҷтимоиро ба миён овард, ки сатҳи баланди пешрафти иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавӣ, фазои созанда ва мусоиди эҷод ва шароити рушду камоли аҳли ҷомеаро таъмин мекарданд. Ва қисмати муҳими он аз ҷониби тамаддунҳои дигар пазируфта шудаанд ва ба рукни тамаддуни умумибашарӣ мубаддал гардиданд.
***
Дини ислом ҳамеша ҳомии сулҳу субот ва осоишу оромишу на танҳо мардуми мусулмон, балки ҷомеаи башарӣ буда, пайваста дўстиву рафоқат, бародариву баробарӣ, адлу инсоф, раҳму шафқат ва одамияту инсонпарвариро талқин менамояд.
Файзуллоева М.Ш.,
н.и.т., дотсенти кафедраи таърих ва диншиносӣ,
ДДҲБСТ