Оворагардии наҳзатиён дар САҲА
Дар Варшава пойтахти давлати Лаҳистон аз санаи 16 то 26 сентябр ҷаласаи навбатии САҲА баргузор гардид. Дар он дар қатори ҳайати расмии Тоҷикистон боз аъзоёни ТЭТ ҲНИ ва Паймони миллӣ, ки фаъолияти он дар Тоҷикистон манъ карда шудааст иштирок карданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа гузошта шудани масъалаи мамнӯъ будани фаъолияти ҳизби наҳзат касро дар ҳайрат мегузорад. Охир роҳбарони САҲА хуб медонанд барои чӣ фаъолияти ҳизби наҳзат манъ карда шуд. Аммо худро нодид гирифта дар ҷаласа масъалаи ҳизби наҳзат гузошта шуд. Ин амал нишон медиҳад, ки роҳбарияти САҲА мехоҳад бо даъват кардани ҳизби наҳзат дар кори ҷаласа дар атрофи он баҳсу мунозираҳои нав ташкил намуда дар охир фаъолияти хоинона ва ҷинояткоронаи наҳзатиҳоро дастгирӣ намудан аст. Гумон мекунем, ки чунин рафтору муносибат ба шаъну эътибори САҲА вазифадор аст, ки ҳуқуқу қонуниятро риоя намуда дар тамоми давлатҳо барои пойдор гардидани он мусоидат намояд. На ин ки ба мухолифин мизу курсӣ диҳад.
Аммо чунин рафтор нишон медиҳад, ки роҳбарияти САҲА рафтори духурагӣ оиди мубориза бо ифротгароӣ зоҳир менамояд. Агар САҲА ҳамеша дар ҳалли масъалаҳо духурагӣ намояд, пас фаъолияти он барои чӣ зарур аст?
Ин рафтор нишон медиҳад, ки дар роҳбарияти САҲА шояд баъзе шахсоне, ки мехоҳанд бо ҳимоя кардани ҳизбе, ки ҷинояткору террорист эълон шудааст, масъаларо боз ҳам пурғавғо намуда назари ҷомеаи ҷаҳониро дигаргун намоянд. Ва из ин кори худ “очкое” ба даст оранд. Дар кори ҷаласаи САҲА даъват кардани намояндагони ҳизби мамнӯъи наҳзат тааҷубовар аст. Охир ҳизби наҳзат чун ҷинояткору хиёнаткор эълон гардидааст ва онро бисёр давлатҳо эътироф намуда маҳкум намуданд. Маълум аст, ки дар кори САҲА бояд намояндагони давлатҳо иштирок намоянд, аммо наҳзатиҳо киро ва дар кори ҷаласа кадом тарафро муаррифӣ менамоянд ин саволест, ки бояд роҳбарияти САҲА ба он ҷавоби ҳуқуқӣ диҳад.
Сиёсати духурагӣ нисбати ҷинояткорону хиёнаткорон ва ифротгароёни наҳзатӣ ба онҳо “неруи тоза” мебахшад. Мо аҳли зиёи ҷомеа иштирок ва суханронии намояндагони ҳизби наҳзатро дар ҷаласаи САҲА маҳкум намуда роҳбарияти ин созмони бонуфузро ба он даъват менамоям, ки аз руи қонун ва адолат рафтор намоянд.
А.Одинаев – н.и.т., дотсенти
кафедраи сиёсатшиносии ДДҲБСТ