Даст ба дасти ҳамдигар ба хотири ободии Ватан
Ваҳдат ҷашни баҳамоиву якдилист ва сарҷамъиву муттаҳидӣ хоси он мебошад. Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба таври ҳамешагӣ сарҷамъу муттаҳид гардида ба корҳои ободониву созандагӣ камари ҳиммат мебанданд.
19 июни соли 2021 бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди Иди Ваҳдати миллӣ кормандону устодони донишгоҳ якдилона ба ҳашар баромаданд. Дар шанбегӣ даромадгоҳу роҳрав, ҷуйбору саҳн ва атрофи биноҳои асосиву таълимии донишгоҳ аз алафҳои худрӯю партовҳои гуногун тозаву поккорӣ карда шуданд. Агар занону бонувон дар тозаву озоданамоии дару тирезаҳои бинои тозаббунёди таълимиву ороиши гулу буттаҳои саҳни донишгоҳ машғул бошанд, мардон мардонавор корҳои сохтмонии биноҳои иловагиву маҷлисгоҳ, ки дар арафаи таҷлили 30 – солагии Истиқлоли давлатӣ дар марҳилаи анҷомёбист, ба сохтмончиён кӯмак карданд.
Ёдовар мешавем, ки дар ДДҲБСТ корҳои созандагиву ободонӣ авҷи тоза касб намуда, бунёди биноҳои таълимии иловагӣ, маҷлисгоҳ барои беш аз ҳафтсад нафар дар арафаи анҷомёбист. Ҳамаи ин ободкориҳову шукуфоӣ дар донишгоҳ аз сарҷамъиву якдилии аҳли донишгоҳ дар пайравии корҳои созандагиву ободонии Сарвари ободкору бунёдгар – Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳӣ медиҳад.

























