Истиқлолияти давлатӣ – дастоварди беназири миллати тоҷик!

Бо ибтикори кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Истиқлолияти давлатӣ – дастоварди беназири миллати тоҷик” бо иштироки устодону омӯзгорон ва донишҷӯёни шуъбаи фосилавӣ доир гардид.

Дар чорабинии мазкур Ҷӯрабек Мамадқулов муовини декан оид ба корҳои тарбияи факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ ва як зумра омӯзгорони кафедраи сиёсатшиносӣ ширкат варзиданд. Зимни чорабании тарбиявӣ  Сулҳия Қобилова дар мавзӯи “Истиқлолият – неъмати бебаҳост”,  Шарофиддин Солиев дар мавзӯи “Аҳамияти таърихиву сиёсии ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ”,  Ҳаётҷон Қурбонов дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ” ва М.Қаҳорова  донишҷӯи курси 1-уми низоми фосилавии ихтисоси сиёсатшиносӣ  дар мавзӯи “Нақши Пешвои миллат дар бунёди давлатдории миллӣ” бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ зикр гардид, ки Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми сарбаланди мо як ҳодисаи таърихӣ буда, ҳифзу гиромидоштани он вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан ҷавонону наврасон аст.

Шуъба таҳлил ва робита бо ҷомеа

You might also like